02:44:48 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ГРЕЗ ҚОСИМОВ: ОЗМУНҲО ШАФФОФ ВА ВОҚЕӢ НАМЕГУЗАРАНД

Масъулини Раёсати хизмати давлатии назди президент мегӯянд, ҳамаи озмунҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон ҷиҳати ба кор қабул намудани мутахассисон бояд бо иштироки намояндаи раёсти мазкур гузаранд.

/images/stories/2013/01/09_gurez-safarov-090113.jpgГрез Қосимов, сардори Раёсати хизмати давлатӣ зимни нишасти матбуотии ин раёсат иброз дошт, ки на ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ қабл аз баргузории озмунҳояшон ба раёсат мактуб ирсол менамоянд. Номбурда бархе аз озмунҳои вазорату идораҳоро ношаффоф ва ғайривоқеӣ унвон карда, таъкид кард, ки набудни намояндаи Раёсати хизмати давлатӣ зимни озмунҳо, ин худ шаффоф ва воқеӣ нагузштани озмунҳо мебошанд:

«Мутаасифона на ҳамаи озмунҳои мо шаффоф ва воқеӣ мегузаранд. Озмунҳо бояд ҳатман бо иштироки намояндагии Раёсати хизмати давлатӣ гузаранда шаванд. Ҳам дар корхонаву идораҳои пойтахт ва ҳам дар сатҳи дигар шаҳру навоҳӣ бояд қабл аз баргузории озмун ҷиҳати иштироки намяндаи раёсат ба мо мактуб ирос намоянд. Ҳолатҳое, ки дар ҳақиқат шаффоф нагузштани озмунҳоро нишон медиҳанд, мо инро инкор карда наметавонем».

Дар ин нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли гузашта бо иштироки 1748 нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1333 довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматчии давлатӣ тавсия гирифтаанд.

Грез Қосимов иброз дошт, ки дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 18 ҳазору 364 хизматчии давлатӣ фаъолият мекунанд ва шумораи хизматчиёни давлатӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан аст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi