22:01:06 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ЗУҲУРОВ: "МУШКИЛ ДАР СОМОНАҲО НЕ, ДАР ШАРҲҲОСТ"

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон масдудияти шабакаи «Фейсбук» ва сомонаи бахши русии радиои «Озодӣ» - ро ҳадди аксар 2 – 3 рӯз пас бартараф хоҳад кард. Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории «Азия Плюс» сабабҳои масдудияти ин сомонаҳоро «техникӣ» унвон карда, афзудааст, ки дар миёни 2 – 3 рӯз ҳал хоҳанд шуд.

/images/stories/2013/01/18_beg-zuhurov-180113.jpgЗуҳуров дар идомаи суҳбат худро дастрастарин мансабдор барои рӯзноманигорон хонда, хабарнигоронро дар он муттаҳам мекунад, ки гуфтаҳои ӯро дар аксари маврид таҳриф мекунанд: "Баъзан бо забони русӣ баён намудани фикр мушкил аст. Рӯзноманигорон дар чунин ҳолатҳо хидмати тарҷумонро рад мекунанд, то баъдан барои таҳрифкориҳояшон далеле дошта бошанд.»

Зуҳуров таъкид кардааст, ки эродҳои ниҳоди зертобеаш асосан ба шарҳҳое марбутанд, ки дар бархе аз сомонаҳо нашр мешаванд: «Ба худи сомонаҳо тақрибан эроде мавҷуд нест. Аммо вақте зери имзои мустаор одамҳо ҳар чизи ба сарашон омадаро менависанд, эродҳо пайдо мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо шарҳро аз иғво фарқ кардан мушкил аст, вагарна сомонаҳоро мебандем.»

Ин дар ҳолест, ки рӯзе пеш, 17 -уми январ Бег Зуҳуров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ масдудияти Фейсбук ва торнамои русии "Озодӣ" - ро рад кард. Ӯ изҳор дошт, ки "ҳеҷ амре барои бастани ин торнамоҳоро надодаанд."

Дар ҳоле, ки рӯзи панҷшанбеи 17 -уми январ корбарони интернет дар Тоҷикистон мегуфтанд,  боз кардани торнамои русии Радиои Озодӣ ва ҳам Фейсбук имконнопазир аст ва ширкатҳои мухобиротӣ дастур гирифтаанд, ки ин торнамоҳоро бубанданд.

Музаффар Сулаймонов, намояндаи Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони онҳо аз чунин амалкарди ҳукуматдорони Тоҷикистон, ки борҳост, такрор мешавад, бисёр нигарон аст ва талаб доранд, ки дастрасӣ ба ҳамаи торнамоҳои хабарӣ озод шавад:

“Мо аз ин амалкарди ҳукуматдорони Тоҷикистон амиқан нигарон ҳастем, ки ҳам нақзи қонунҳои дохилӣ дар бораи озодии матбуот ва озодии сухан аст ва ҳам нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, фишор бар расонаҳои мустақилро ва сензура дар Интернетро бас кунад. Мо мехоҳем, ҳукумати Тоҷикистон бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дастрасӣ ба сомонаҳоро мумкин гардонад ва аз ин роҳ фишор ба расонаҳои мустақилро хотима диҳад ва ҳамингуна фишор ба озодии баён аз ҷумла нашри иттилоъот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбукро низ.“

Роберт Маҳони, муовини раиси Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, гуфтааст, сензураи пайимҳами Интернет дар Тоҷикистон, ба таври барҷаста таҳдид ба хабарнигорону блогнависон дар саросари ҷаҳонро нишон медиҳад ва инро чӣ гуна як ҳукумат қодир аст бо таҳдид ба ширкатҳои мухобиротӣ онҳоро ба иҷрои кори ифлоси худ маҷбур мекунанд.

Роберт Маҳони гуфтааст, аз ҳамаи онҳое, ки хоҳони озодии Интернет ҳастанд, даъват кардааст, алайҳи чунин амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон садо баланд кунанд ва бихоҳанд, ки дастрасӣ ба торнамоҳоро фавран озод кунад. Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон торнамоҳои хабарӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук баста мешавад. Танҳо соли 2012 баъди нашри маводҳои зиёди интиқолӣ дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон, баъзе аз торнамоҳо ва ҳамчунин шабакаи Фейсбукро се маротиба бастанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi