ШӯРОИ УЛАМО ХОСТ, КАСЕ БЕ ИҶОЗАИ ОНҲО ФАТВО НАДИҲАД
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз рӯҳониён хостааст, дар ҳаргуна масоили исломӣ аз пеши худ фатво ва ё ҳукме содир накунанд.
Дар муроҷиатномаи Шӯрои уламо, ки рӯзи 19-уми январ нашр шуд, омадааст, беҳтар аст, рӯҳониён ва онҳое, ки ба масоили исломӣ кор доранд, аз судури ҳукму фатво аз тариқи матбуот худдорӣ кунанд, зеро "ҳалли масъалаҳои шаръӣ масъулияти ин марказ аст." Ба гуфтаи Шӯрои уламо, дар Тоҷикистон фазои озодонаи изҳори андеша ва афкори шахсӣ фароҳам шудааст, вале бояд ҳама чиз бар асоси қонун сурат бигирад.
Дар идомаи муроҷиатнома омадааст: "Мо як бор дар таърихи начандон дури хеш таҷрибаи чунин "гуногунандешӣ"-ро дар пояи мазҳаб дида будем ва ин ҳодиса кофист, ки дигар ба ягон саҳву хато ва гуногунравиягӣ дар заминаи мазҳаби поки ҳанафӣ набояд роҳ бидиҳем. Мо ба ин андешаем, ки дар ин кишвар набояд минбарҳои ислом бо мақсадҳои ғаразноки мубаллиғони дигарандеш истифода шаванд..."
Ба навиштаи масъулони ин Шӯро, Маркази исломии Тоҷикистон дар саросари кишвар фаъолона амал мекунанд, ва "ҳеҷ ниёзе намемонад, ки ашхоси алоҳида ба нафъи гурӯҳу тоифае дар масоили дину мазҳаб қарору фатво содир бикунанд." Масъулони Шӯрои уламо аз додани маълумоти бештар роҷеъ ба сабабҳои нашри ин муроҷиатнома худдорӣ карданд.
Вале зоҳиран шарҳу тафсири мухталифи масоили исломӣ аз тарафи рӯҳониёни кишвар аз минбарҳои масоҷид, сабаби нашри ин муроҷиатнома шудааст. Дар миёни эътиқодмандон бисёр шунида мешавад, ки дар як масҷид муллое масъалаеро ба як гуна шарҳ медиҳад ва дар масҷиди дигар ба гунаи дигар. Аммо Зубайдуллоҳи Розиқ, роҳбари Академияи фиқҳии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дархости Шӯрои уламо аз рӯҳониён дуруст нест.
Ӯ меафзояд, “ин хел намешавад, ки чаҳор одамро ҷамъ карда, Шӯрои уламо ташкил куниву боз дигаронро аз ҳуқуқи додани фатво маҳрум созӣ. Инҳо хоҳанду нахоҳанд, мардум назди домуллоҳои алоҳида барои гирифтани фатво муроҷиат мекунад. Баъдан фатворо низ мулло аз пеши худаш содир намекунад. Онҳо ба китобҳои динӣ муроҷиат карда, ҳукми шариатро дар ин ё он масъала баён мекунанд.”
Ҷаноби Розиқ афзуд, вақте ки фатво берун аз чорчӯбаи мазҳаби Имоми Аъзам аз ҷониби ягон рӯҳоние содир карда мешуд, он замон дахолати Шӯрои уламо ҷоиз буд.
Ҳарчанд Шӯрои уламои Тоҷикистон танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дониста мешавад, аммо рӯҳониёни кишвар дар намозҳои ҷумъа ва ё маҳфилҳо ба суоли сокинон дар ин ё он масъала изҳори назар мекунанд. Баҳсҳоеро ҳам дар миёни ҷавонони тоҷик метавон дид, ки мегӯянд, фармудаҳои фалон домулло дуруст аст ва аз муллои дигар нодуруст. Шӯрои уламо агарчӣ ҳеҷ ишорае дар ин замина накардааст, вале кинояааш аз “гуногунадешӣ” ишора ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 1992 то 1997 идома ёфт.
«Озодӣ»