03:03:17 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Чаро аксари мардум телевезиони тоҷикро тамошо намекунад?

Абдурраҳмон Сиддиқшоҳ, "Рӯзгор"

tv-tajikistan 2013Ташкилоти ҷамъиятии "Хома" зери сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар як назарсанҷии анҷомдодааш ба ин натиҷа расидааст, ки намоишҳои телевизиони тоҷикро 68 дар сади назардиҳандагон хуш надоранд тамошо кунанд.  Сабаби хуш надоштани тамошои телевизионҳои кишварро мо аз коршиносон ва соҳибназарони тоҷик пурсон шудем ва чунин посух гирифтем:

Абдулвосит Салимзода, сокини шаҳри Хуҷанд:

-Чунки барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон, манзурам шабакаи аввал, якрангу қолабӣ ва дилгиркунанда мебошанд. Фузун бар ин дар ин шабака такрор ба такрор барномаҳоро пахш мекунанд, ки дархӯри завқи мардум набуда аз воқеият дур мебошанд. Дар қиёс ба шабакаи аввал ТВ Сафина ва Баҳористон барномаҳои хуби таҳлилӣ ва маърифатӣ доранд.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшиноси мустақил

-Телевизони тоҷик мутаассифона, аксари хабарҳои ҷаҳониро аз дигар шабакаҳои моҳворавии хориҷӣ мегирад ва баъзеашро муҳлати як ҳафта такрор ба такрор мемонад, ки дар дили тамошобин мезанад! Нигорандаҳои телевизони тоҷик шахсан худашон чун рӯзноманигорони кишварҳои рус, Амрико ва Ғарб дар минтақаҳои ҳаводис ҳузур надоранд. Ва хабари тозаеро низ нашр намесозанд.

Бинобар фаъол будани бозори иттилооти ҷаҳонӣ ниёз ба хабарҳои телевизони тоҷик дигар боқӣ намемонад. Тавассути интернет ва шабакаҳои моҳворавӣ хонанда метавонад аз воқеаҳои ҷаҳонӣ ҳар лаҳза огоҳ шавад. Телевизони "Ҷаҳоннамо" як хел барномаҳоро сад маротиба такрор мекунад. Ҳамин омил муштариёнро аз тамошои телвизони тоҷик маҳрум сохтааст! Заъиф будани сатҳи касбии кормандони барномаҳои телевизони омили дигаре аст, ки тамошбинро аз дидани барномаҳои тоҷикӣ дур месозад.

Муҳиддин Тоҷиев, тарҷумон:

-Ба фикри ман пеш аз ҳама сабаби асосии ин дар он аст, ки мардум аллакай  аз бисёр рӯйдодҳои олам воқифанд. Тавассути моҳвора мебинанд. Барои онҳо барномаҳои телевезиони тоҷик аллакай ҷолиби диққат нест. Ман аз вазъи молиявии телевезионҳои Тоҷикистон бохабар нестам. Вале фикр мекнам аз сабаби кам будани маблағ хабарнигорон наметавонанд идеяҳои худро амалӣ кунанд.

Барои кормандон маблағ лозим аст, ки барномаҳои ҷолибро пешкаш намоянд. Бояд эътироф кард, ки роҳбарони баъзе аз телевизионҳо, масалан телевизиони "Баҳороистон" роҳбараш Зевар Давлатова барои рушди телевезион кӯшишҳо ба харҷ дода истодааст. Гарчанде барномаҳои он барои кӯдакон равона карда шудааанд, вале нисбат ба дигар шабакаҳо каме бехтаранд. Хотиррасон бояд кард, ки танҳо бо филмҳои ҳиндӣ диққати тамошобинони имрӯзаро ҷалб кардан мушкил аст.

Асадуллоҳ Вализода, коршиноси мустақил:

-Имрӯз замони дигаргуниҳои бузург дар майдони сиёсат, иқтисод ва муносибатҳои байналмилалӣ ба суръат ҷараён дорад. Бешубҳа, аз ин падида ҳама огоҳ мебошад. Тамоми соҳаҳои ҳаёт ба технологияи пешрафта ниёз дорад. Дигар дар қолаби куҳна фаъолият намудан, аз андешаи созанда ва нигоҳи гуногунандешӣ сар печидан тамошобинро аз худ дур кардан аст. Аз тарафи дигар, ба таърифи дуруғу сафсатаҳои муболиғанок аз нумую тараққиёти дар ҳаёти шаҳрвандон вуҷуд надошта барномаҳо пешкаш намудан, шаҳрвандонро дилхаставу нороҳат кардан аст.

Имрӯз шабакаҳои телевизионӣ таблиғгари як андеша буда, чунон ба назар мерасад, ки он гуё моли фақат як иддаи хоссони низоми ҳукумрон буда, аксари миллат ба он мансубияте надорад. Ин ҳақиқатро дигар наметавон аз огоҳони ҷомеа пинҳон кард. Билакс ВАО бояд майдони инъикоси мушкилот ва камбудиҳои ҷомеъа бошад. Аз зовияҳои гуногунӣҷои баҳси андешаҳо ва мавқеъҳои мухталиф гардад на воситаи таърифу тавсифи беандоза.

Гули Зард нависанда, раиси Комиссияи баҳисобгирӣ ва назорати Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон:

-Барномаҳои телевизиони маҳаллӣ шавқовару ҷолиб нестанд ва завқи бинандаро бедор намекунанд ва дигар ин ки кам андар кам барномаҳои интеллектуалӣ доранд. Бештари намоишҳо сохтакорона бастубанд шудаанд, касбияти ровиёну режессёрон дар сатҳи паст қарор дорад ...

Абдуманнон Шералиев, сиёсатшиноси ҷавон:

-Ман ҳудуди 10 сол аст, ки ТВ-ҳои Тоҷикистонро тамошо намекунам. Гоҳо тасодуфан онҳоро боз мекунам, аммо тоқати ним соат тамошо карданро надорам. Бовар надорам, аммо шояд тасодуфан стротеге, ки самти фаъолияти ТВ-ҳоро муайян мекунад, Худо инсофаш диҳаду нашрияро ба даст гирад, ба ӯ гуфтаниам, ки "гӯш кун ҷӯра, бо ин корат агар мақсадат таблиғи ҳукумат буд, онро то ҳадде сиёҳ кардӣ, ки ногуфтанӣ.

Аз Тоҷикистон танҳо хубиҳоро нишон додану (он ҳам сохтмони кадом як варзишгоҳу ҷамъоварии картошка) аз хориҷ танҳо камбудиҳоро гуфтан аҳмақ пиндоштани мардум аст. Агар фикр кардаӣ бо ин роҳ мардумро бовар кунонидаӣ, ки Тоҷикистон гулгулшукуфон аст, худат ҳамоне ҳастӣ, ки мардумро мепиндорӣ. Агар бовар дорӣ, ки кӯдакони тоҷикро бо "Баҳористон" тарбия мекунӣ, номаъкул кардӣ ..."

Зафар Қурбонов, адвокат:

-Ба фикри ман дар телевизионҳои Тоҷикистон ғайри мадҳу сано ва консерт дигар чизе нест. Ва ин талаботи фарҳангии мардумро қонеъ карда наметавонад. Агарчи дар кишвар проблемаҳои зиёде мавҷуд бошад ҳам, дар телевезионҳои Тоҷикистон бо як маром консерт меравад ва овозхонон месароянду мерақсанд, гӯё мардуми тоҷик ҳеҷ як мушкилоте надоранд ё надошта бошанд. Масалан, ҳар ҳафта қариб тобуте ба ватан мерасад, вале садо ва симои тоҷик ба ҷои таъзия ва ё таҳлили объективонаи вазъи муҳоҷирин консерт медиҳад. Ба кӣ маъқул аст чунин садо ва симо?

Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет:

-Ба андешаи ман мушкилӣ муҳтаво (контент) аст, ки ҷавобгӯ нест ба талаботи ҷомеаву замон. Ва ҷавобгӯ ҳам буда наметавонад, чунки сабқат (competition) вуҷуд надорад. Сабаби асосии вуҷуд надоштани сабқат мавқеи дугонаи танзимгари соҳа мебошад, яъне ҳам танзимгар ва ҳам оператор.

Ҷамолиддин Холбек, муҳоҷири муқими Маскав:

-Шояд мардум аз шунидани таърифу дурӯғҳои шабакаҳои ТВ - ҳои Тоҷикистон хаста шудаанд. Ба фикрам таърифи зиёд ба манфиати кор нест. Аз ҳамин лиҳоз хоҳиш доштам бештар ба асли воқеъа рӯй оранд, на сарсарӣ ва пур аз ғулу ва иғроқе, ки хушоянд нест.

Фирӯза Шарифова, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ:

-Барои чи хуш надоранд? Ман инро мушоҳида накардаам. Шахсан ман ва хонаводаи ман ҳама вақт аз барномаҳои ТВ "Баҳористон" дидан мекунем. Имрӯз барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон беҳтар шуда истодаанд. Онҳое ки аз моҳвора ва дигар шабакаҳои хориҷиро тамошо мекунанд, ин маънои онро надорад, ки барномаҳои шабакаҳои Тоҷикистон диданӣ нест. Завқи одам маҳдудият надорад.

Азиза Муҳаммадиева, донишҷӯй:

-Аслан Телевезиони тоҷик бароям  писанд нест. Худи ҳамин ҷумла кифоя аст ...



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi