06:11:39 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Душанбе барои ҳимоят аз харидор Шӯро таъсис дод

Шаҳрдории Душанбе ба ҳадафи таъмини амнияти мол дар бозорҳои пойтахт ва расидагӣ ба арзу шикояти харидорон, Шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис додааст.

shahrdori_65213214.jpgБо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои байни харидору фурӯшанда ҳангоми савдо дар бозору нуқтаҳои фурӯши мол, таъмини амнияти мол, расидагии саривақтӣ ба арзу шикояти харидор, ҳукумати шаҳри Душанбе як Шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис додаааст.

Шӯъбаи таҳлил ва иттилоотии дастгоҳи ҳукумати Душанбе рӯзи 29 апрел ба мо гуфт, Шӯрои ҳамоҳангсози ҳимоя аз харидорону истеъмолкунандагон ба хотири таҳти назорат қарор додани маҳсулоте, ки дар бозорҳову нуқтаҳои фурӯш пешниҳод карда мешавад, таъсис дода шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, мувофиқи қарори шаҳрдорӣ дар ин Шӯро шурӯъ аз муовинони раиси ҳукумати шаҳр то раисони навоҳии пойтахт ва масъулони бозорҳо шомил мебошанд ва барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагону харидорон, талош мекунанд: “Таъмин намудани риояи талаботҳои қонунии манфиатҳои истеъмолкунандагон, беҳтар намудани шароити дастрасии сокинони пойтахт ба молу маҳсулот вазоифи аслии Шӯрои ҳамоҳангсоз ба шумор меояд."

Шӯъбаи таҳлил ва иттилоотии шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки ин Шӯро дар сурати дар бозорҳо пешниҳод шудани махсулоти бадсифат, нуқсондор ва барои саломатии мардум хатарнок, чораҳо меҷӯяд ва аз ворид шудани он ҷилавгирӣ мекунад.

Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз дар назди шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки мавзӯи ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеаи кишвар мебошад. Зеро дар ҳоле, ки ниҳодҳои хизматрасон зиёд ба риояти ҳуқуқи истеъмолкунандагон таваҷҷӯҳ намекунанд, истеъмолкунандагон низ барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ талоши чашмгире надоранд.

Дар бисёр ҳолатҳо фурӯшандаҳо мавқеи мардум ба унвони истеъмолкунандаро ба эътибор намегиранд. Ин вазъ мунҷар ба он мешавад, ки аксари фурӯшандаҳо дидаву дониста ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол месозанд ва кафолати маҳсулоти худро бар дӯш намегиранд.

Ахиран дар пайи як дастури раиси шаҳри Душанбе барои ба танзим даровардани бозори "Шоҳмансур" ва ҷилавгирӣ аз тамбашавии мошинҳо чанде аз дӯкони атрофи он баста шуданд. Ин тасмим рӯзи шанбеи 25 апрел норозигии даҳҳо тоҷири канори бозорро ба бор овард ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки ба ҳарфашон гӯш дода шавад.

Ин дӯконҳо баъд аз як дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе баста шуданд, ки гуфт, аз 1 майи соли ҷорӣ фурӯши баъзе аз навъҳои молу маҳсулот дар ин бозор маҳдуд хоҳад шуд. Мақомоти Душанбе мегӯянд, ин тасмим на бо ҳадафи зарба задан ба тоҷирон, балки "бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию бе тамбашавӣҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари назди бозори Шоҳмансур" гирифта шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi