15:15:32 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мулоқот бо Вазири молияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Раиси Шӯрои мудирияти Фонди Саудии рушд Иброҳим ибни Абдулазиз Ал-Ассоф

Мамлакати Арабистони Саудӣ аз тариқи Бонки исломии рушд  барои навсозии қитъаҳои Кӯлоб-Шӯрообод ва Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз 108 миллион доллари амрикоӣҷудо мекунад.

2016-01-03sa minister financeДар ин бора дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири молияи ин кишвар, Раиси Шӯрои мудирияти Фонди саудии рушд Иброҳим ибни Абдулазиз Ал-Ассоф иттилоъ дод.

Дар ин вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла дар партави тавофуқоти миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣҳосилгардида, баррасӣ шуд.

“Мамлакати Арабистони Саудӣ барои дастгирии пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии олами ислом тадбирҳо меандешад ва бовар дорам, ки чораҳои мушаххас дар ҷодаи тавсеаи ҳамкории молиявию сармоягузории кишварҳои мо ҷавобгӯи чунин мавқеи хайрхоҳонаи роҳбарияти олии кишвари Шумост”- таъкид дошт зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба фаъолияти Фонди саудии рушд, ки лоиҳаҳои рушди Тоҷикистонро аз тариқи пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат маблағгузорӣ менамояд, баҳои арзанда дода шуд.

Зикр гардид, ки бунёди молиявӣ ва хайриявии Арабистон - Фонди саудии рушд, ки аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, то имрӯз дар ҳаҷми 84 миллион доллари амрикоӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ бастааст. Ин маблағгузорӣ асосан ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохтмони роҳҳо ва беморхонаи модару кӯдак равона шудааст.

Зимни гуфтугӯйи судманд ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи арсаҳои ҳамкорӣ ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ таъкид доштанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаҳои судбахши иқтисоди Тоҷикистон чун сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, бунёду навсозии роҳҳо, истеҳсол ва коркарди маъданҳою маҳсулоти кишоварзӣ ва ба бахши обрасонӣ зоҳир гардид.

 

http://president.tj/

 

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi