12:11:25 03-уми Июни 2025 сол

Барасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Анқара

Дар шаҳри Анқара-пойтахти Туркия рушду таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия барарсӣ шудааст. Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ дод, ки 5 августи 2019 дар Анқара ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба кори худ оғоз намуд.

anqara-4556124554Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро раиси Комиссия, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода раҳбарӣ намуд. Дар ҷараёни ин нишаст ҳайатҳои корӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвари мо дар чаҳорчӯби ин нишаст аз Парки фанноварӣ ва навоварии шаҳри Анқара дидан намуда, дар бораи имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн бо роҳбарияти он парк табодули афкор намуд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854