21:31:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2019» дар шаҳри Хоруғ

Форуми соҳибкорӣ  ва сармоягузории «Помиринвест-2019», ки рӯзи 6-уми август дар шаҳри Хоруғ ба кор оғоз карда буд, намояндагони тиҷорату саноат аз манотиқи гуногуни кишвар ва 10 давлати дунёро гирди як миз ба баҳс кашидааст. Дар ин форум асосан ҳамкориҳои саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ мешаванд. Ҳадаф аз он боз кардани роҳи соҳибкорони маҳаллӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.

pamirivest 56658945Дар ин ҳамоиш беш аз 150 нафар сармоягузорону соҳибкорон, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз ИМА, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, як гурӯҳи соҳибкорон аз шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии мамлакат ширкат доранд.

Дар рӯзи аввали ифтитоҳи ҳамоиш Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Орзу Аҳмадзода, муовини Вазири молия Карим Гулмуродзода, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода, роҳбари намояндагии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва директори генералии ширкати «Помирэнерҷӣ» Далер Ҷумаев суханронӣ карданд ва мухтасар дар бораи мақсади форуми мазкур, имконияту захираҳои иқтисодии вилоят ба аҳли нишаст маълумот доданд.

Муовини директори генералии «Тоҷинвест» –и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ гурӯҳҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории В2В-ро муаррифӣ кард.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад таваҷҷуҳи сармоягузорону соҳибкоронро  ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят ибрози ақида намуд.

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Орзу Аҳмадзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, инчунин самтҳои дурнамои ҳамкорӣ изҳори ақида намуд.

Бино ба гузориши “Ховар” ҳамзамон дар доираи Форуми мазкур молу маҳсулоти хом ва тавлидотии соҳибкорони маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуд. Иштирокчиёни форум дар лаҳзаи танаффус дар бораи  имкониятҳои сармоягузории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, манзараву мавзеъҳои ҷолиби ин минтақа филми кӯтоҳ тамошо карданд.

Баъдан иштирокчиёни форум ба се гурӯҳи алоҳида ҷудо шуда, дар атрофи мавзӯъҳои «Роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ дар ВМКБ», «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ» баҳсу мунозира карданд.

Хабаргузорӣ мегӯяд, дар доираи мулоқоти В2В соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ  имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиро матраҳ намуда, барои ҳарчӣ зудтар амалӣ намудани нақшаҳояшон назару андешаҳои худро ба миён гузоштанд.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi