12:20:05 03-уми Июни 2025 сол

Поинравии пайвастаи арзиши фунт дар баробарои доллар ва евро

Дар идомаи баргузории ҳамапурсӣ дар Британияи Кабир дар мавриди хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо арзиши воҳиди пулии ин кишвар - фунт ба шиддат поин рафтааст. Коршиносон ба ин назаранд, ки ин афтиш ба зиндагии мардуми кишвар таъсир хоҳад дошт. Бахусус онҳое, ки сафарҳои сайёҳӣ дар пеш доранд, онҳое, ки ба тиҷорат машғуланд ва касоне, ки дар сафарҳо ба мошини худ бензини бештар мерезанд, аз ин поинравии қурби пули миллӣ осеб мебинанд.

articles.57441.mБино ба таҳлилҳо моҳи июл фунт стерлин ба поинтарин сатҳи худ баробар ба доллари Амрико дар се моҳи гузашта расид ва ҳар фунт 1 доллару 21 сент муомила шуд. Дар ҳамин ҳол арзиши фунт дар баробари евро низ коҳиш ёфт.

Пеш аз ройи мардуми Британия дар мавриди хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи июни соли 2016 арзиши ҳар як фунт зери як доллару ним с ент буд. Аз он вақт то ба ин замон фунт дар баробари доллар қурби худро аз даст медод ва ин поинравӣ пайваста будааст.

Дар ҳамин ҳол давлати Борис Ҷонсон – Садриаъзаи Британиё хуруҷи бидуни тавофуқро як чашмандози бисёр воқеъӣ номидааст.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854