12:00:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Дидори Консули Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Палатаи тиҷорат ва саноати Дубай

Илҳом Абдураҳмонов - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай бо Раиси Шӯрои Палатаи тиҷорат ва саноати Дубай Моҷид Сайф ал-Ғурайр мулоқот кардааст. Дар ин бора дафтари м атбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.

didor 656236556Бино ба гузориши манбаъ ин мулоқот дирӯз, 19-уми август доир шудааст. Дар вохӯрӣ имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин дар бораи рафти омодагиҳо ба чорабинии байналмилалии “Expo-2020 Dubai” маълумот дода шуд.

Гуфтанист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд.

Аз оғози соли 2011 дар Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2007 Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шуд.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi