ИСТИҚБОЛИ РАИСИ БОНКИ МИЛЛӢ АЗ ФУРӮШИ САҲМИЯҲО
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтааст хариду фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" бо қимати пойинтар аз нархи муқарраршуда бозори саҳомро дар кишвар эҷод хоҳад кард. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуъотие рӯзи душанбеи 25 январ дар бораи фаъолиятҳои ин ниҳоди молӣ дар соли 2009 гузориш медод, ҳамчунин ба унвони як мақоми расмии давлат аз мавориди фурӯши иҷбории саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" изҳори таассуф кард.
Аммо дар робита ба фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон дар соли 2009 оқои Раҳимзода гуфт низоми бонкии ин кишвар дар ин сол бо душвориҳое фаровоне рӯбарӯ будааст. Вале ба бовари Шариф Раҳимзода, дар соли ҷорӣ фаъолиятҳои бонкӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли тавсеъа аст ва интизор меравад ин бахш ба муваффақиятҳое даст ёбад.
Оқои Раҳимзода, дар нишасти матбуъотии рӯзи душанбеи 25 январ изҳор дошт, ки дар оғози соли гузашта куллия шарикони хориҷии бонкҳои Тоҷикистон ба далели бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз ҳамкорӣ худдорӣ карданд ва бонкҳои ин кишвар бо мушкили шадиди камбуди маболиғ рӯбарӯ буданд.
Коҳиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирони тоҷик ва пойин рафтани баҳои олюминиюм ва панба - колоҳои содиротии Тоҷикистон дар соли гузашта вазъи низоми бонкии ин кишварро сангинтар кардааст. Оқои Раҳимзода хабар дод, ки дар соли ҷорӣ шиддати ин мушкилот коҳиш ёфта, шароит барои рушди бонкҳои кишвар фароҳам шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар бист рӯзи аввали соли ҷадиди мелодӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиши 15 дарсадии мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон мушоҳида шудааст. Гузашта аз ин, дар бозорҳои ҷаҳонӣ баҳои олюминиюм аз 1700 то ба 2300 дулор ва қиммати нахи панба аз 800 то ба 1700 дулор боло рафтааст. Ҳамчунин шариконии хориҷии бонкҳои Тоҷикистон омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ изҳор дошта, чанд бонки тоҷикистонӣ аз онҳо аллакай эътибороте дарёфт кардаанд.
Дар посух ба ин суол, ки оё фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” ба вазъи молии Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт ё хайр, оқои Раҳимзода гуфт, ки ҳудуди 6 милёрд сомонӣ, ки ба ин маблағ саҳмияҳо чоп шудаанд, дар муддати кӯтоҳ фурӯхта намешаванд ва ба ин далел, ин амр таъсири чандоне ба вазъи молӣ нахоҳад дошт. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, Бонки миллии Тоҷикистон аз сареъан пойин рафтани баҳои дулор дар ин кишвар дар пайи фурӯши саҳмияҳо ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Оқои Раҳмизода, дар нишасти матбуъотии рӯзи душанбе барои бори нахуст аз миёни мақомоти Тоҷикистон, вуҷуди мавориди иҷбории фурӯши саҳмияҳои “Роғун”-ро таъйид кард. Вай гуфт: “Ҳоло бархе аз раҳбарони ноҳияҳо ба манзури худнамоӣ мардумро ба харидории ин саҳмияҳо маҷбур месозанд. Вале ин хилофи тақозои раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки ихтиёрӣ будани ин амрро дархост кардааст.”
Ин дар ҳолест, ки қарори гузоришҳо ҳоло дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон саҳмияҳои ин нерӯгоҳ дар бозори дасти дуввум бо қиммати панҷоҳдарсад аз баҳои аввалия ба фурӯш гузошта мешаванд. Шариф Раҳимзода дар тавзеҳи ин амр чунин гуфт: “Бигзор ин саҳмияҳо бо қимати арзонтар ба фурӯш гузошта шаванд. Муҳим ин аст, ки дар пайи фурӯши саҳмияҳои “Роғун” бозори саҳҳом дар Тоҷикистон фаъол мешавад ва рӯзе мерасад, арзиши онҳо боз боло ҳам меравад.”
Дар ҳамин ҳол, оқои Раҳимзода хабар дод, ки ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон дархости чанд бонки хориҷӣ, аз чумла, “Аксисбанк” аз Иттиҳодияи Урупо, Бонки миллии Покистон ва ду бонк аз Қувайт ва Қатарро барои оғози фаъолият дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирифтааст. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, эҳтимол дорад, ба бархе аз онҳо барои фаъолият дар Тоҷикистон иҷоза дода шавад.
Вале ба гуфтаи вай, “Тоҷикистон бояд дар ин замина манофеъи бонкҳои дохили ин кишварро ҳифз кунад. Ҳарчанд, ҳоло низ дар миёни саҳҳомони куллияи бонкҳои Тоҷикистон созмонҳо ё афроди хориҷӣ ҳузур доранд.” Вай афзуд, ки дар бархе аз кишварҳо ба ин манзур тасмим гирифта шудааст, ки бонкҳои хориҷӣ метавонанд танҳо то 35 дарсади бозори бонкиро дар ихтиёр дошта бошанд.
Оқои Раҳимзода гуфт: “Бонкҳои хоричӣ сармояи арзонтаре дар ихтиёр доранд ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки бонкҳои Тоҷикистон наметавонанд бо онҳо рақобат дошта бошанд. Ҳамзамон мо наметавонем бозори дохилии худро комилан дар ихтиёри муасиссаҳои молии хориҷӣ вогузорем.” Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагии ду бонки хориҷӣ аз Русия ва Қазоқистон ва бахши бонки “Тиҷорат”-и Эрон фаъол ҳастанд.
Вале ахиран, Президент Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорони тоҷик аз фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон шадидан интиқод кард ва таҳдид кард, ки “агар фаъолияти муассир надошта бошед, пас барои чанд бонки хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷозаи фаъолият медиҳем ва дар ин сурат шумо (бонкдорон) бо суди баланди қарзҳои худ муфлис мешавед.”
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/iqtisod/1612-2010-01-25-16-41-08.html