03:58:53 29-уми Июни 2025 сол

ҚАРЗИ БЕРУНАИ ҶУМҲУРӢ ЧӢ ҚАДАР АСТ?

«Дар давоми шаш моҳи соли равон афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 7,4 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум 4,6 фоиз зиёд аст», - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов 26 июли соли равон.

 

Ҳамчунин зикр кард, ки ба буҷети давлатӣ дар ин давра зиёда аз 2,1 миллиард маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 293,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Гайр аз ин аз ҳисоби маблағҳои махсус 135 миллион сомонӣ, маблағҳои грантӣ ва карзии ташкилотхои байналмиллалӣ 408 миллион сомонӣ ва қарзи давлатӣ 43 миллион сомонӣ ҷалб гардид, ки бо дарназардошти ин сарчашмаҳо ҳаҷми умумии даромад дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ расид.

 

Аз рӯи иттилои С. Наҷмуддинов маблаги умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ то якуми июли соли равон як миллиарду 775 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ММД 31,58 фоиз зиёд мебошад.

 

«Хизматрасонӣ ва пардохти қарзи берунаи Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 28,61 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ  16,73 миллион доллари амрикоӣ ва фоизи пардохт 11,88 миллион доллари амрикоиро ташкил дод»- гуфт дар фарҷом Вазири молияи ҷумҳурӣ С Наҷмуддинов.

 

Покиза Махмадбекова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2762-2010-07-26-10-50-06.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ