| ТОҶИРОНИ КӮЛОБ БАҲОНА МЕҶӮЯНД? |
| Мақолаҳо - Иқтисод | |||
| 28.12.2011 08:13 | |||
Дақиқан, як ҳафтаи пас аз баста шудани роҳи оҳан аз ҷониби Узбакистон ба вилояти Хатлон, сокинон боло рафтани нархи маҳсулотро мушоҳида мекунанд. Гулхумор, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, болоравии нарх барои онҳо ин бор ғайринтизор буд, зеро ба таври маъмулӣ на маоши омӯзгорон баланд шуд ва на қурби доллар боло рафта буд. Ӯ гуфт: «Шакар, орд, тухм, равған ҳама чизҳои даркорӣ қимат шудааст. Аз савдогарон пурсӣ роҳи оҳанро баҳона мекунанд. Намедонам, ки ин ба роҳи Оҳан чӣ дахл дорад.» Масъулини роҳи оҳани Кӯлоб мегӯянд, тариқи роҳи оҳан ҳар моҳ 60 вагон бор ворид мешуд, ки 60 дарсади онҳо маводи озуқа аз қабили орду равған ва боқӣ маҳсулоти нафтӣ буд. Ба гуфтаи онҳо, бо сабаби баста будани роҳ, ин миқдор маҳсулот ба бозори маҳаллӣ ворид намешавад. Аксари савдогарони бозорҳои Кӯлоб баста будани роҳро сабаби болоравии маводи озуқа медонанд. Аммо Орзуи Ҳамид, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, баста шудани роҳ то ҷое ба нархҳо таъсир дорад, аммо на ба он ҳадде, ки савдогарон баҳона пеш меоранд. -Шояд каме ба нархҳо таъсир дошта бошад, аммо на ба ҳаде, ки воҳима мекунанд. Фикр мекунам, ки ин фақат як баҳона ҳаст, ки барои даромади бештар савдогарон баҳона мекунанд. Роҳи қатораҳо аз Узбакистон ба вилояти Хатлон аз 17-уми моҳи ноябр баста шудааст. Ҷониби Узбакистон хароб шудани пулеро дар вилояти Тирмиз сабаби баста шудани роҳ медонад. Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»
|






