18:36:07 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭҲТИМОЛИ 30 ДАРСАД АРЗОН ШУДАНИ МАВОДИ СӮХТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, баъди лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия, маводи сӯхти ин кишвар дар Тоҷикистон метавонад 30 дарсад арзон шавад. Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январ, зимни нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки боҷи содиротии Русия айни ҳол дар Тоҷикистон 30 дарсади нархи сӯзишвориро дар бар мегирад.

/images/stories/2013/01/25_hamdam-taghoymurodov-2013.jpgӮ арзиши миёнаи ҳар тонна сӯзишвориро, ки ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад, 1200 доллари амрикоӣ гуфта, таъкид намудааст, ки аз ин 30 дарсадашро боҷи русӣ ташкил медиҳад. Ӯ мантиқӣ хондааст, ки агар баъди лағви боҷ нархи маводи сӯхти Русия дар Тоҷикистон 30 дарсад арзон шавад. Тағоймуродов таъкид кардааст, ки арзонии нархҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки агар омилҳои дигар халал ворид накунанд.

Дар қатори омилҳое, ки метавонанд ба арзоншавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон монеа шаванд, раҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаққи интиқоли маҳсулоти нафтӣ тавассути қаламрави Узбакистонро ном бурдааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 23-юми январ вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, Гул Шералӣ гуфт, созишнома дар бораи лағви боҷи содиротии русӣ нимаи аввали моҳи феврал, ҳангоми сафари Игор Шувалов, муовини аввали сарвазири Русия ба Душанбе имзо хоҳад шуд.

Тибқи тавофуқоти нави Маскаву Душанбе, ин созишнома аз рӯзи имзошавиаш эътибор пайдо мекунад ва воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон бе пардохти боҷи содиротӣ, ки айни ҳол барои ҳар тонна ҳудуди 350 долларро ташкил медиҳад, сурат хоҳад гирифт. Қарор аст, Русия солона 1 миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи содиротӣ дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад ва Душанбе кафолат медиҳад, ки он дубора ба кишварҳои дигар содир намешавад.

Айни ҳол нархи як литр сӯзишворӣ дар бозорҳои Душанбе аз 6.2 то 7 сомониро ташкил медиҳад ва интизор меравад, ки баъди эътибор пайдо кардани созишнома, нархҳо ҳудуди 2 сомонӣ арзон шаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi