22:51:48 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Олимпиадаи Сочи: машъали олимпӣ фурӯзон шуд

Рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал дар шаҳри Сочи маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ барпо гардид. Ин маросими пуршукӯҳро, ки бо ҳузури беш аз 40 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи "Фишт" баргузор шуд, зиёда аз 3 миллиард одамон тавассути телевизион тамошо карданд.

sochi-2014 olimpiadaМаросим бо суруди миллии Русия шурӯъ шуд. Пас аз он, мувофиқи анъанаи олимпӣ, парад ё намоиши ҳайатҳои варзишии ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи бозиҳо, ки яке аз бахшҳои асосии ин маросим маҳсуб мешуд, барпо гардид. Парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон лижарон Алишер Қудратов буд. Ба ҷуз вай дар ин ҳайат лижарон Андрей Дригин бо мураббиаш, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли ин кумита, ширкат доштанд.

Дар бахши дувум, ки хеле шавқангезу ҷаззоб буд, тамошогарон бо кишвари Русия ва таърихи он дар давраҳои мухталиф ошноӣ пайдо карданд.

Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Аз он ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон, ки рӯзи 6-уми феврал дар Сочи бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард, дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ширкат варзид. Инчунин дар ин маросим дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун иштирок кард.

Дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон аз 88 кишвари ҳамаи қораҳои дунё ширкат мекунанд. Аз қораи Аврупо 49 кишвар, аз қораи Амрико 15 кишвар, аз қораи Африқо се кишвар - Зимбабве, Марокаш ва Того, аз қораи Осиё 18 кишвар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Муғулистон, Непал, Покистон, Тайван, Тайланд, Тимор-Лесте, Тоҷикистон, Узбакистон, Филиппин, Ҳонконг, Чин, Ҷопон ва Эрон, аз Уқёнус 3 кишвар - Австралия, Зеландияи Нав ва Тонга иштирок мекунанд.

Ба барномаи Бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанаронӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек. Рӯзи 8-уми феврал мусобиқот дар 5 намуд - биатлон, пойгаи лижатозӣ, дави босуръат бо конки, сноуборд ва фристайл баргузор шуд.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин Олимпиада ширкати беш аз 2800 варзишгар дар назар аст. Онҳо барои 98 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Тилисми Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки аз ҷониби сокинони Русия интихоб шудааст, Паланг, Хирси сафед ва Харгӯш мебошанд. Дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом рӯзи 22-юми феврал иштирок мекунад.

Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар мавзеи Сафеддара, ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Қадаш 1 метру 60 сантиметр ва вазнаш 65 килограмм мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Сочи аз 56 варзишгаре, ки кишварҳои Осиёи Марказиро намояндагӣ мекунанд, 51 нафарашон аз Қазоқистон, 3 нафар аз Узбакистон (Ксения Григорева ва Артём Воронов дар лижаронии кӯҳӣ, Миша ГЕ дар рақси рӯи ях бо конки) ва якнафарӣ аз Қирғизистон (Дмитрий Трелевски, лижаронии кӯҳӣ) ва Тоҷикистон (Алишер Қудратов, лижаронии кӯҳӣ) мебошанд.

Варзишгари амрикоӣ - аввалин қаҳрамони Олимпиадаи Сочи

Вай дар мусобиқаи мардон оид ба сноуборд дар навъи слоупстайл бо натиҷаи 93,5 мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Столе Сандбек аз Норвегия бо натиҷаи 91,75 барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва Марк Макморрис аз Канада бо натиҷаи 88,75 барои ҷойи севум бо медали биринчӣ сарфароз гаштанд.

Нарзуллоҳ Латифов



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi