04:22:24 20-уми Майи 2025 сол

Мессӣ тобистони имсол барои бошгоҳи зодгоҳаш бозии дӯстона баргузор мекунад

Ба гузориши Infobae, Лионел Мессӣ, бозигари тими футболи ПСЖ ва Аргентина, шояд тобистони имсол дар тими “Нюэллс Олд Бойз” як бозии дӯстона баргузор кунад.

messi_655684554.jpgИн вохӯрӣ ба Макси Родригес, шарики собиқи тими миллии Мессӣ, ки ба нафақа баромадааст, бахшида мешавад. Қарор аст, ин бозӣ 16 июн баргузор шавад.

Мессӣ дастпарвари дастаи «Ньюэллс Олд Бойз» аст. Ин бозигари аргентинӣ дар синни 13-солагӣ ба Барселона пайваст.

Мессӣ тобистони соли 2021 ба дастаи ПСЖ пайваст ва пас аз ба итмом расидани шартномааш бо Барселона ба ин бошгоҳи фаронсавӣ бепул пайваст. Ин бозигари аргентинӣ дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати ПСЖ 27 бозӣ анҷом дода, 16 гол зада, 14 партофти голӣ ба даст овард. Шартномаи амалкунандаи аргентинии 35-сола бо фаронсавиҳо то охири мавсими ҷорӣ ба охир мерасад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ