ДАРХОСТИ ПАНОҲАНДАГӢ АЗ СӮИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК
Чаҳор ҷавони тоҷик, ки иддаъо доранд пайравони фикҳи салафияи дини ислом ҳастанд, аз давлати Норвеж дархости паноҳандагӣ кардаанд. Идораи муҳоҷирати Норвеж ба далели таъмини амнияти паноҳандагон аз ироаи иттилоъот дар ин замина худдорӣ кард.
Манобеъи мустақил мегӯянд, ки ҳоло ин ҷавонони тоҷик дар урдугоҳе дар ҳаволии Осло, пойтахти Норвеж ба сар мебаранд ва интизори посухи давлати ин кишвар ҳастанд. Манобеъи Идораи муҳоҷирати Норвеж рӯзи душанбеи 15 феврал дар тамоси телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфтанд, ки наметавонанд дар бораи асомии афроде, ки дархости паноҳандагӣ мекунанд, иттилоъе ироа кунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин амр метавонад ба амнияти ин афрод ихлоле ворид созад.
Вале маонбеъи мустақил хабар медиҳанд, ки чаҳор ҷавони тоҷик, ки се тан аз онҳо донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳастанд ва яке аз онҳо фориғултаҳсили мактаби миёна аст, бо дарёфти визои ҷаҳонгардӣ вориди Латвонӣ шуда, сипас аз тариқи Шветсия ба Норвеж сафар кардаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, дар Норвеж онҳо ба пулиси ин кишвар муроҷиъа карда, изҳор доштаанд, ки пайравони мазҳаби салафия ҳастанд ва дар Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор доштаанд ва ба ин далел дархости паноҳандагӣ мекунанд.
Зимнан, дар авоили соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти пайравони фикҳи салафияи дини ислом дар ин кишварро мамнуъ карда буд. Дар мусаваббаи додгоҳ таъкид шуда буд, ки ин амр ба манзури “таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиъатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои барангехтани кинаву адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳаллгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ” гирифта шудааст.
Ахиран додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сироҷиддин Абдураҳимовро, ки ӯро раҳбари гурӯҳи салафиҳо дар Тоҷикистон мехонанд ва бештар бо номи Мулло Сироҷиддин маъруф аст барои пайравӣ аз ин гурӯҳ барои ҳафт сол равонаи зиндон кард.
Икромиддин, писари мулло Сироҷиддин низ ба иттиҳоми мушобеҳ барои панҷ сол равонаи зиндон шуд. Гуфта мешавад, ки дар чанд додгоҳи дигари Тоҷикистон муҳокимаи парвандаҳои дигари пайравони Салафия дар ҳоли омода шудан аст.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи мустақил наметавонанд таъйид кунанд, афроде, ки аз давлати Норвеж паноҳандагӣ хостаанд воқеъан пайравони мазҳаби салафия ҳастанд ё хайр. Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки ин ниҳод то ҳол дар бораи қазияи ин чаҳор ҷавони тоҷик иттилоъе дарёфт накардааст.
Вале ба гуфтаи вай, муроҷиъа барои паноҳандагӣ як амри маъмулист ва шахсони мухталиф бо ҳар баҳонае мехоҳанд барои иқомат дар кишвари дигаре аз чунин шароит истифода кунанд. Вай афзуд, ки вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз мавориди дархости паноҳандагии бархе аз атбои тоҷик дар Конодо ва Шветсия иттилоъ дорад ва ин ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд аст.
Коршиносон мегӯянд, ки теъдоди ҷавонони тоҷике, ки қасд доранд ба кишварҳои ғарбӣ муҳоҷират кунанд, ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст ва барои дарёфти паноҳандагӣ ҳар баҳонае пеш меоранд, ки пайравӣ аз фикҳи салафия яке аз онҳост. Камбуди ҷойи кор ва шароити номувофиқи зиндагӣ дар Тоҷикистон илали аслии талоши бархе аз ҷавонони тоҷик барои муҳоҷират ба кишварҳои урупоӣ арзёбӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Президент Раҳмон низ дар яке аз суханрониҳои худ аз чунин вазъ изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи вай, танҳо ҳудуди даҳ дарсади ҷавонони тоҷик баъд аз таҳсил дар хориҷ ба кишвар бармегарданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1756-2010-02-15-16-47-50.html