12:29:36 26-уми Июни 2025 сол

ДОНИШҶӮЁН: ЧАРО БА ЗАБОНИ МОДАРӢ КИТОБ КАМ ДОРЕМ?

Давлатмурод донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст. Вай мехоҳад дар оянда муҳандиси сохтмон ва меъморӣ шавад ва барои ин бояд дар донишгоҳ иттилоъ ва дониши амиқе дар ин арса ба даст оварад. Аммо вай мегӯяд, ки барои омӯзиши беҳтари пешаи худ васоили омӯзишии кофӣ, аз ҷумла китобҳо ба забони модарияш, дастрас нестанд. Мисли Давлатмурод донишҷӯёни дигаре ҳам дар донишгоҳи фанноварӣ (техникӣ) таҳсил мекунанд, ки бештари онҳо низ бо ҳамин мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

 

Душвории омӯзиш ба забони ғайр

Бахши аъзаме аз китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни бахшҳои фанноварӣ (техникӣ) дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба забони русӣ навишта шудаанд. Устодон ҳам бештар ба забони русӣ тадрис мекунанд. Аммо шунидани дарсҳо ва мутолеъаи китобҳои русӣ барои донишҷӯёне, ки забони модарияшон дигар аст, душвор ва гоҳо хастакунанда будааст.

 

Худи Давлатмурод бар ин бовар аст, ки вай ва бисёре аз ҳамкурсонаш истилоҳоти русиро бахубӣ дарк намекунанд. Онҳо нигаронанд, ки ин амр аз мутахассиси хуб шудани онҳо то ҳадде монеъ мешавад ва мумкин аст дар фаъолияти кории ояндашон низ таъсироте бар ҷой гузорад.

 

Масалан, ба гуфтаи Давлатмурод, вай мехоҳад китобҳоеро дар бораи технологияи обу обёрӣ (водоснабжение), системҳои обкашӣ (насосная стантсия) ва шабакасозӣ мутолеъа кунад, вале чунин китобҳоро ба забони модарияш на дар китобхонаи донишгох ва на дар китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ пайдо накардааст.

 

Давлатмурод мегӯяд: “Тарҷума кардани китобҳо аз забони русӣ ба тоҷикӣ барои мо, донишҷӯён, душвор аст ва мо вақти зиёдеро дар тарҷума ва талош барои дарки мавзӯъ ва мафоҳими ин китобҳо, ки ба забони ғайр навишта шудаанд, сарф мекунем. Дар натиҷа, наметавонем китобҳои бештаре мутолеъа кунем ва барномаи таълимиро саривақт фаро бигирем.”

 

Ин дар ҳолест, ки омӯзиш ба забони модарӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар авлавияти барномаҳои таълимӣ қарор дорад ва яке аз авомили тавсеъа ё пешрафти кишвар маҳсуб мешавад. Масалан донишҷӯёни рус ва ё инглис, ки аз ҳама гуна васоили омӯзишӣ ба забонҳои модарии худ бархӯрдоранд, албатта барои мутахассиси хуб шудан замон ва нерӯи нисбатан камтаре аз онҳое сарф мекунанд, ки ба забонҳои дигар таҳсил мекунанд.

 

“Русӣ мехонем, аммо намефаҳмем”

Забони русӣ дар Тоҷикистон ҳарчанд ба таври густарда роиҷ аст, вале на ҳама, бахусус насли ҷавон аз деҳоти дурдаст, ин забонро баладанд. Масалан, Ҷонибек Амиров, донишҷӯйи дигар, мегӯяд, ки ба сабаби нарасидани муъаллим дар маҳалли зиндагияш забони русиро натавонистааст бахубӣ ёд бигирад. Ба ҳар ҳол, агар забони русиро хуб ҳам ёд мегирифт, боз ҳам дар омӯзиш ба забоне ҷуз аз забони модарияш мушкил медошт.

 

Ҷонибек ва бисёре дигар аз донишҷӯён муътақиданд, ки "донистани забонҳои дигар хуб аст, аммо надонистанашон нанг нест." Баръакс, тақозои онҳо аз масъулон ин аст, ки чопи китобҳо ва васоили омӯзишии дигар ба забони тоҷикӣ (форсӣ)-ро бештар кунанд ва аз ин роҳ ҳаққи донишҷӯён ба омӯзиш ба забони модарияшонро таъмин созанд.

 

Дар гузашта мавориде ҳам будааст, ки донишҷӯёни бахши фанноварӣ (техникӣ) барои хуб надонистани забони русӣ маҷбур буданд донишгоҳро тарк кунанд. Масалан, Субҳон ном донишҷӯйи собиқ дар Донишгоҳи дехникии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебарад.

 

Вай, ки порсол донишгоҳро муваққатан тарк кардааст, мегӯяд, ки а шаҳри Сургути Русия танҳо барои пайдо кардани кор нарафтааст, балки яке аз аҳдофаш омӯзиши беҳтари забони русист. Ба гуфтаи Субҳон, вай дар ҷараёни таҳсил китобҳо ва васоили омӯзиширо ба забони русӣ дарк намекард ва соъатҳои дароз дар хобгоҳ болои китобҳо ва нақшаҳои таълимияш гирён менишаст.

 

Омори китобҳои тоҷикӣ

Дар ҳамин ҳол, омори расмӣ аз чопи китоб низ баёнгари ин аст, ки нигаронии донишҷӯён аз камбуди китоб ба забони тоҷикӣ асос дорад. Бар асоси ин омор, дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор китобхонаҳои давлатӣ ва 165 чопхона фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи Шариф Тошев, раиси китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, дар ин китобхона аз теъдоди беш аз 373 ҳазор китоб ҳудуди 140 ҳазор нусха ё танҳо 37 дарсадро китобҳои тоҷикӣ ташкил медиҳанд.

 

Аброри Зоир, раиси китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ низ мегӯяд, ки аз 630 ҳазор китоб дар ин китобхона танҳо 5 дарсади ин китобҳо тоҷикӣ, се дарсад узбакӣ ва боқӣ ҳама китобҳои русӣ ҳастанд. Умед Назаров, донишшҷӯ, ки дар китобхонаи Лоҳутӣ аз феҳрист машғули ҷустуҷӯйи китоб буд, гуфт, ки аз набуди китобҳо ба забони тоҷикӣ азият мекашад ва намедонад барои ҳалли ин мушкил ба куҷо муроҷиъа кунад.

 

Сафаралӣ Шоҳсаидов, сардори идораи фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, ки вазифаи вазорат таъмини китоб барои китобхонаҳо нест. Ба гуфтаи оқои Шоҳсаидов, давлат маболиғеро ба ҳукуматҳои маҳаллӣ равона мекунад, на ба буҷети вазорат. Пас барои таъмин нашудани китоб дар китобхонаҳо роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ муқассиранд.

 

Оқои Шоҳсаидов афзуд, ки вазорати фарҳанг аз соли 2007 то 2009 се маротиба иқдоме зери унвони “Корвони китоб” баргузор карда ва ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ китоб харида ва ба ноҳияҳо равон кардааст.

 

Чопи китобҳо бо теъдоди андак

Аз сӯйи дигар, Салима Абосова, як масъули бахши табъу нашри вазорати фарҳанг, гуфт, ки дар соли 2009 чопхонаҳои “Адиб”, “Ирфон”, “Маориф ва фарҳанг”, ҷамъияти саҳҳомии “Матбуъот” 268 номгӯйи китобро бо теъдоди беш аз 400 ҳазор ба табъ расондаанд, ки 90 дарсади онҳо ба забони тоҷикӣ мунташир шудаанд.

 

Аммо соҳибназарон мегӯянд бештари китобҳое, ки дар солҳои ахир нашр шудаанд, бо теъдоди андаке ё маъмулан ҳазор ва ду ҳазор нусхаӣ чоп шудаанд, ки дар дастраси ҳамагон қарор намегиранд. Афзун бар ин, ба гуфтаи Шариф Тошев, раиси китобхонаи Фирдавсӣ, чопхонаҳо шумори андаке аз китобҳоро ба ин китобхона фиристодаанд.

 

Системи тавзеъи китоб ба китобхонаҳо, ки дар даврони Шӯравӣ фаъол буд ва тибқи он ҳар китоби наве ба китобхонаҳо тақсим мешуд, дигар фаъол нест. Бештари чопхонаҳо имрӯзҳо хусусӣ ҳастанд ва наметавонанд ба таври ройгон китобҳои худро ба китобхонаҳо тақсим кунанд.

 

Ба ин тартиб, дарёфти китобҳои тоҷикӣ барои бисёре аз дӯстдорони китоб, бавижа донишҷӯёни риштаҳои фанноварӣ, бисёр душвор аст ва ин худ яке аз мавонеъ дар роҳи пешрафти фанноварӣ ва дастёбӣ ба текнулужиҳои мудерн дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

 

Сайёди Қамар донишҷӯ, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1870-2010-03-05-16-12-53.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ