ЮСУФ, НИГИНИ ВАРЗИШИ ТОҶИКИСТОН
Бисту дувумин давраи рақобатҳои куштии озоди қаҳрамонии Осиё аз чаҳоршанбеи ин ҳафта, 22 урдибиҳишт (12 май), оғоз мешавад. Дар таркиби тими миллии Тоҷикистон номи Юсуф Абдусаломов, капитани 33-солаи ин тим, низ ба чашм мехӯрад. Абдусаломов барои касби дувумин медоли тилои осиёияш дар вазни 84 килуграм ба масофи ҳарифони худ хоҳад рафт. Ӯ нахустин бор низ дар ҳамин шаҳр қаҳрамони Осиё шуд.
Эҳсон Лашгарӣ, мудофеъи унвони қаҳрамонӣ аз Эрон, Туғ Дурҷ аз Муғулистон, Умедҷон Усмонов (Ӯзбакистон), Сонгӣ Лӣ (Куреи Ҷанубӣ), Мотсӯ Мутӯ (Жопун), Саманов (Қазоқистон) ва Фанг Жонг аз Чин ба ҳамроҳи намояндаи мизбон ҷиддитарин ҳарифони ситораи пурфурӯғи варзиши Тоҷикистон ҳастанд.
Юсуф Абдусаломов кист?
То соли 1992 варзишкорони тоҷик бо парчами Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар рақобатҳои мухталиф ҳузур меёфтанд. Андрей Абдувалиев дар риштаи партоби чакуш (болға) дар улампики Борселун бо тими муштаракулманофеъ ба қаҳрамонӣ расид. Ӯ баъдан ду бор бо парчами Тоҷикистон ба мақоми қаҳрамонии ҷаҳон расид, аммо дар улампикҳо натавонист ифтихоре насиби кишвараш кунад.
Аз истиқлоли Тоҷикистон ба баъд Юсуф Абдусаломов пурифтихортарин варзишкори Тоҷикистон дар рақобатҳои улампик маҳсуб мешавад. Расул Боқиев дар 73 килуграм дар мусобиқаи ҷудӯ (дзюдо) ва Юсуф дар 84 килуграм дар куштии озод танҳо медоловарони варзиши Тоҷикистон дар бозиҳои улампик маҳсуб мешаванд. Боқиев дар улампики Пекан севум шуд ва Абдусаломов ҳам рӯйи сакӯи (подиюми) ноибқаҳрамонӣ истод.
Ғалаба бар Ҳоҷизода дар Бусон
Меҳдии Ҳоҷизода, ситораи куштии Эрон дар соли 2002 буд. Ӯ он сол илова бар қаҳрамонӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии Теҳрон унвони фаннитарин куштигири соли ҷаҳонро ҳам насиби худ кард. Ҳоҷизода бо касби тило дар вазни 74 килуграм боъиси бартарии якимтиёзии Эрон бар Русия ва қаҳрамонӣ дар ҷадвали тимӣ ҳам шуд.
Аммо як моҳ баъд аз мусобиқоти ҷаҳонӣ Юсуф Адусаломов дар марҳилаи ниманиҳоии бозиҳои осиёии Бусон муваффақ шуд дар як дидори муҳаййиҷ (пурҳаяҷон) ситораи эрониро 9 бар 7 аз пеши рӯ бардорад. Юсуф дар он рақобатҳо ба медоли нуқра даст ёфт.
Юуф пас аз он мусобиқот бо пешниҳодҳои мутаъаддиди бошгоҳҳои эронӣ рӯбарӯ шуд. Ӯ ба Эрон омад ва солҳо дар тимҳои мухталифи лиги бартар мисли "Саном"-и Теҳрон ва "Роҳоҳан"-и Хуросон ба рӯйи тушак (қолие, ки болои он кушти мегиранд) рафт.
Танҳо қаҳрамони ғайриэронӢ
Соли 2003 рақобатҳои қаҳрамонии Осиё дар Ҳинд баргузор шуд. Тими қудратманди Эрон, ки тавассути Расул Ходим ҳидоят мешуд, аз 55 килу то 120 килу, ғайр аз як вазн, тамоми медолҳои тилоро насиби худ кард. Танҳо касе, ки иҷоза надод ҳар ҳафт тило насиби Эрон шавад, Юсуф Абдусаломов буд. Ӯ муваффақ шуд дар финоли вазни 74 килуграм бо пирӯзӣ бар Ризо Рамазонзода аз Эрон рӯйи сакӯи (подиюми) нахусти Осиё қарор бигирад.
Абдусаломов дар рақобатҳои улампики Отин (Афина) низ рӯйи тушак (қолӣ, матрас) рафт, аммо тадорукот ва урдӯҳои тамринии тими миллии Тоҷикистон барои ифтихорофаринӣ дар майдони улампик кофӣ набуд. Абдусаломов агарчи ба ҷамъи 10 нафари бартар роҳ ёфт, аммо ба унвоне беҳтар аз нуҳумӣ даст пайдо накард.
Нуқраи ҷаҳон дар Боку
Соли 2007 дар мусобиқоти ҷаҳонии Боку медоли нуқра барои вазни 84 килуграм насиби Абдусаломов шуд. Ӯ ҳатто муваффақ шуд Зоурбек Сухиев аз Ӯзбакистонро ҳам аз пеши рӯ бардорад. Ин куштигири аҳли Ӯзбакистон соли 2009 дар Донморк рӯйи сакӯи қаҳрамонии ҷаҳон истод. Дар Боку фақат Георгий Китаев аз Русия тавонист садди роҳи куштигири текникии Тоҷикистон шавад. Ризо Яздонӣ аз Эрон ҳам рӯйи сакӯи севум истод. Абдусаломов, ки дар турнаментҳои мӯътабари куштии ҷаҳон низ борҳо рӯйи сакӯи қаҳрамонӣ қарор гирифта, соли 2008 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба мизбонии Ҷӣ Ҷӯ дар Куреи Ҷанубӣ, ки гузинише улампик ҳам маҳсуб мешуд, медоли брунзро насиби худ кард.
НоибқаҳрамонӢ дар Улампик
Авҷи кори Юсуф Абдусаломов дар синни 31-солагии ӯ рух дод. Ӯ, ки таҷрубаи талхи улампики Отин ва шикасти наздики муқобили Дониел Иголӣ аз Конодоро дошт, дар улампики Пекан рӯйи тушак рафт. Намояндагони Устролиё, Укройн ва Туркия яке пас аз дигаре мағлубаш шуданд, то ӯ аввалин тоҷик дар таърих шуд, ки бо парчами ин кишвар дар финоли улампикҳо ҳузур ёфт.
Абдусаломов дар финол ба Миндурошвилӣ аз Гурҷистон бохт ва нуқра гирифт. Медоле, ки боъис шуд ин кишвар ҳамроҳ бо Боҳомо, Куламбиё, Қирғизистон ва Марокаш дар радаи 64-уми бозиҳо қарор бигирад.
Ба назар мерасид нуқраи улампик поёни кори Юсуф бошад ва ӯ дигар аз саҳнаи мусобиқоти варзишӣ худоҳофизӣ кунад. Аммо дар мусобиқоти ҷаҳонии Донморк боз ҳам вай рӯйи тушак омад ва ин бор Сухиеви ӯзбакистонӣ аз ӯ интиқом гирифт. Юсуф дар дидори радабандӣ ҳам ба рақиби укройнӣ бохт, то дар радаи панҷуми ҷаҳон биистад.
Ситораи варзиши Тоҷикистон, ки ағлаб тамриноташро дар маҳалли таваллудаш, яъне Махачқалъаи Доғистон дунбол мекунад, ҳоло барои касби ифтихоре дигар ба Ҳинд омадааст. Ҳузури ӯ дар Ҳинд ба ин маъност, ки имсол дар бозиҳои осиёии Гуонгжу ва рақобатҳои ҷаҳонии 2010 дар Маскав низ рӯйи тушак (матрас) хоҳад рафт.
Меҳдии Рустампур, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2281-2010-05-11-17-26-10.html