ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК АЗ СИНГАПУР БО ДУ МЕДАЛ БАРГАШТАНД
Дар нахустин Бозиҳои тобистонаи улампики навҷавонон дар Сингапур тими миллии Тоҷикистон натавонистааст дар мусобиқот пирӯз шавад. Танҳо Баҳодур Қодиров дар куштии озод медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар таэквон-до WTF медали биринҷиро ба даст овардаанд. Дар маҷмӯъ, тими миллии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи улампики навҷавонон дар шаҳри Сингапур дар зинаи 64 ҷой гирифт. Зимнан, варзишгарони навҷавони тоҷик дар мусобиқоти муштзанӣ, куштӣ, тирандозӣ аз камон, таэквон-до ва варзиши сабук зӯрозмоӣ карда, аммо ба дастовардҳои чашмгире ноил нашуданд.
Афзун бар ин, Сиёвуш Зуҳуров, муштзани тоҷик, ки ба мусобиқоти ниманиҳоии Бозиҳои улампик бидуни рақобат дар давраҳои аввал ва бар асоси қуръакашӣ роҳ ёфта буд, дар ду зӯрозмоӣ аз рақибони худ бо ҳисобҳои калон мағлуб гардид. Нахуст ӯ дар вазни то 91 килуграм дар мусобиқоти ниманиҳоӣ ба Фабио Туриҷӣ, варзишгари итолиёӣ, бо ҳисоби 7 бар сифр ва дар набард барои медали биринҷӣ бо Умед Кан, муштзане аз Туркия, бо ҳисоби 24 бар 2 бохт.
Бо ин ҳол, масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон аз натоиҷи ҳунарнамоии варзишгарони наврас дар ин мусобиқот ибрози қаноъатмандӣ карданд. Ба гуфтаи Алимаҳмад Мирзоев, муъовини раиси ин кумита, бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти фаровон, бахусус мушкилоти молӣ ва омода сохтани варзишгарон, ба даст овардани ду медал дар чунин мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ барои варзишгарони навҷавони тоҷик дастоварди муҳимме маҳсуб мешавад.
Зимнан, Тоҷикистон аз маъдуд кишварҳои шӯравии пешин аст, ки теъдоди кам, яъне шаш варзишгар дар 5 намуди мусобиқот аз он ширкат кардаанд. Оқои Мирзоев гуфт, ки дар мусобиқоти интихобӣ барои Бозиҳои улампик варзишгарони тоҷик танҳо дар панҷ намуди варзиш роҳхат ба даст овардаанд. Гуфта мешавад, исми Меҳроҷиддин Каримов, муштзани навҷавон, ки қаддаш 2 метру 17 сантиметр буда ва дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ дастовардҳое дошт, бо далоили мухталиф аз феҳристи ширкаткунандагон лағв шудааст.
Абдурашид Мамадҷонов, мураббии Меҳроҷиддин, ба Би-би-сӣ гуфт, ки Федеросиюни байналмилалии ғайриҳирфаии муштзанӣ бо баҳонаи фавқулъода баланд будани қад ва дастпӯши мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ надоштан Меҳроҷиддин Каримовро аз мушорикат дар Бозиҳои улампики навҷавонон маҳрум сохтааст. Мавзуна Чориева, муштзандухтари тоҷик ва қаҳрамони Осиё, низ ба далели шомил набудани мусобиқоти муштзании духтарона ба Бозиҳо дар ин мусобиқоти бонуфузи байнамилалӣ ширкат надоштааст.
Интизор мерафт дар Бозиҳои тобистонаи улампики навҷавонон камонкашони тоҷик хуб ҳунарнамоӣ кунанд. Зеро мактаби камонварии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравии пешин шӯҳрат дошта ва Зебуннисо Рустамова дар ин ришта қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Вале ба гуфтаи Алимаҳмад Мирзоев, муъовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, дар пайи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон тамрингоҳи камонкашӣ комилан хароб шуда ва варзишгарони беҳтарин Тоҷикистонро тарк кардаанд.
Ҳамакнун ин навъи варзиш дар Тоҷикистон дубора эҳё шуда ва барои аввалин бор камонкашони тоҷик дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ ширкат кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Раҳматшоҳ Обидов, коршиноси умури варзиш, кӯтоҳ будани муддати омодагӣ ба мусобиқот ва мушкилоти молиро аз илали аслии нокомии тими миллии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи улампики навҷавонон дар Сингапур арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи оқои Обидов, бахши варзиши Тоҷикистон ба сармоягузории ҳангуфте ниёз дорад. Зеро барои омода сохтани як варзишгар ба мусобиқа 196 ҳазор дулор ва барои тарбияти як варзишгар бошад аз 800 ҳазор то 1 милюн дулор лозим аст. Феълан ба далели мушкилоти иқтисодӣ давлати Тоҷикистон имкони тахсиси ин миқдор маблағро надорад. Гуфта мешавад шароит барои ширкати варзишгарони навҷавони тоҷик дар ин Бозиҳо бо мусоъидати молии Шӯрои Осиёии Бозиҳои Улампик фароҳам гардидааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2972-2010-08-25-23-18-31.html