14:27:09 02-уми Июни 2025 сол

БАҲСИ ФЕДЕРАТСИЯҲОИ ФУТБОЛИ УЗБАКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН

Федератсияи футболи Узбакистон дар вокуниш ба иттиҳом аз сӯи Зоир Бобоев, собиқ сармураббии дастаи футболбозони навраси Тоҷикистон, аз федератсияи футболи ин кишвар хостори шарҳи расмӣ шудааст. Қаблан Зоир Бобоев Тошкандро дар нокомии футболбозони тоҷик айбдор хонда буд. Ба гуфтаи ӯ, барои тими миллии ҷавонони Тоҷикистон вақти кофӣ барои тамрин надодаанд ва ҳангоми интиқоли онҳо ба майдонҳои варзишӣ таъхир мекардаанд.

 

footbolДигар ин ки, ба қавли Зоир Бобоев, ба истиснои тими миллии Тоҷикистон, дигар ҳеҷ яке аз тимҳои мусобиқот барои мушаххас кардани синну соли футболбозон ҷавон аз ташхиси махсус нагузаштаанд. Зоир Бобоев, ки дар пайи ин нокомӣ аз вазифаи сармураббӣ барканор шуд, зимни як нишасти матбуотӣ Федератсияи футболи Узбакистонро ҳамчунин бо он айбдор хонд, ки алайҳи дастаи Тоҷикистон бо доварони мусобиқа забон як кардааст ва онҳо рафти бозиҳоро ғайримунсифона баҳо додаанд.

 

Аммо ҷониби Узбакистон ин иддаоҳоро «беасос ва бардуруғ» хонда, аз Федератсияи футболи Тоҷикистон тақозо кардааст, то расман ин изҳоротро шарҳ диҳад. Федератсияи футболи Узбакистон сабаби шикасти дастаи Тоҷикистонро ба ноомодагиҳои варзишгарони тоҷик ба мусобиқот рабт додааст.

 

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, аз тими мизбон бо ҳисоби бузурги 1-8 шикаст хӯрд. Дар бозиҳои дигари ин мусобиқот низ дастаи Тоҷикистон ба нокомӣ дучор шуд. Дар сабқати гурӯҳӣ футболбозони навраси тоҷик бозиро бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, баъдан аз дастаи мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи идомаи бозиҳо маҳрум шуданд.

 

Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон яке аз дастаҳои муваффақи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маҳсуб мешуд. Чаҳор сол муқаддам футболбозони тоҷик ба дарёфти медали биринҷии сабқати қитъавӣ роҳ ёфта буданд. Коршиносони бахши варзиш мегӯянд, нокомии дастаи Тоҷикистон дар Тошканд ғайричашмдошт набуд, зеро футболбозони тоҷик давраи омодагӣ ба мусобиқоти байнулмилалиро танҳо дар дохили кишвар анҷом доданд ва набуди таҷрибаи бозиҳои санҷишӣ боиси шикасти онҳо шудааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3521-2010-11-07-15-57-35.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 11.11.2010 05:01
Dear football fans in Tajikistan,
I would like to invite you to visit our football social networking website http://unitedfootballfans.com/ and join our fan-club of Tajikistan. I would be very thankful if you upload some football photos from your country!
Thank you very much!
All the best!
Pavel

Уважаемые футбольные болельщики в Таджикистане,
Я хотел бы пригласить Вас посетить наш футбол социальной http://unitedfootballfans.com/ сайте сетей и присоединиться к нашему фан-клуба Таджикистан. Я был бы очень благодарен, если вы загрузите в футбол фотографии из вашей страны!
Спасибо вам большое!
Все самое лучшее!
Павел
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854