ҶИРГАТОЛИҲО ДАР РАШТ ДАСТБОЛО ШУДАНД, ВАЛЕ…
Дар арафаи соли нави мелодӣ дар Қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм байни ҷавонони ноҳияҳои минтақаи Рашт «КВН» баргузор гардид.
Дар маҳфили ҳозирҷавобон ҷавонони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод ва худи Рашт байни якдигар қувваозмоӣ намуданд, ки дар он ҷавонони Ҷиргатолӣ сазовори ҷои аввал дониста шуданд. Иштирокчиёни маҳфил аз ноҳияи Тоҷикобод ҷои дуюмро ишғол намуданд. Ҳарчанд ҷиргатолиҳо байни ҳамсафони худ дастболо гардиданд ҳайати ҳакамон ба ҷавонони ноҳияи Рашт низ ҷои аввалро доданд. Ин амали доварон ҳам иштирокчиён ва ҳам тамошобинонро баҳайрат гузошт. Тавре тамошобинон иброз намуданд ду ҷои аввал ин берун аз мантиқи ҳама гуна мусобиқаҳо мебошад ва доварии ҳакамонро низ ба зери шубҳа мегузорад.
Баъд аз гуфтугӯ бо иштирокчиёни маҳфил маълум гардид, ки ба хотири компютере, ки аз чониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷои аввал муқаррар шуда буд, ин ҳиллаи довариро бакор андохта компютерро аз Рашт бурдан намонданд, ки ин заррае ҳам табъи ҷавонони Ҷиргатолро хира насохт.
Баъдан аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони ҷиргатолӣ ваъда дода шуд, ки дар семоҳаи авали соли оянда ба онҳо як компютер равона карда мешавад. Қувваозмоии ҷавонон ба мавзӯи саломатии ҷавонон бахшида шуда, онҳо дар бораи нашъамандӣ, ВНМО/АНММ (ВИЧ/СПИД), сил ва дигар бемориҳои хавфноки мавҷуда саҳначаҳо ва баромадҳои ҷолиби тайёрнамудаи худро ба тамошобинон пешкаш намуданд.
Дар «КВН»-и ҷавонони раштӣ М. Муинова муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ. Миралиев сардори шӯъбаи сиёсати Ҷавонони кумита ва мудирони бахшҳои ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои дар боло зикргардида иштирок намуданд.
Далер САФАРОВ, махсус барои сомонаи «Рӯзгор» аз Рашт
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/4033-2011-01-02-09-24-37.html
Шарҳҳо
RSS Обуна