ФУТБОЛ: БОХТИ ДАСТАИ “ИСТИҚЛОЛ”
Дастаи “Истиқлол” дар бозии дуюмаш дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Питерсбург ноком шуд. Гурӯҳе, ки соли гузашта қаҳрамони Тоҷикистон эълом шуда буд, рӯзи якшанбеи 16 январ дар рақобат бо дастаи “Интер”-и Озарбойҷон бо ҳисоби се бар сифр мағлуб шуд.
Дар бозиии дигари гурӯҳи “А” дастаи “Искра-Стал”-и Молдова бо ҳисоби як бар сифр бар дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон дастболо гардид. Ду рӯзе қабл, бозии нахустини дастаи “Истиқлол” бо дастаи “Искра-Стал” бо ҳисоби мусовии як бар як анҷом шуда буд. Тӯбро аз дастаи Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров ба нишон расонда, аммо пас аз ду дақиқа бозингарони дастаи “Искра-Стал” ҳисбро баробар карданд. Дар он рӯз дастаи “Интер” бар дастаи “Нефтчӣ” бо ҳисоби 3 бар сифр пирӯз шуда буд.
Бад-ин тартиб, пас аз ду бозӣ дар гурӯҳи “А” дастаи “Интер”-и Озарбойҷон бо шаш имтиёз пешсаф буда ва ба марҳилаи навбатии ин мусобиқа роҳхат гирифтааст. Дастаи “Искра-Стал” бо 4 имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаи “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифтаанд. Дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон то ҳол ҳеч имтёзе ба даст наовардааст.
Ҳамакнун дастаҳои “Истиқлол” ва “Искра-Стал” барои соҳиб шудан ба роҳхати дуюм рақобат хоҳанд кард. Бозии охирини “Истиқлол” дар гурӯҳи худ рӯзи душанбеи 17 январ бо дастаи “Нефтчӣ” баргузор хоҳад шуд. Ҳатто ба ҳангоми пирӯзӣ ба ин даста сарнабишти дастаи “Истиқлол” ба бозиии “Интер” ва “Искра-Стал” бастагӣ дошта ва дар сурати пирӯзии “Искра-Стал” ва мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ дастаи Молдова ба марҳилаи дигари мусобиқот роҳхат хоҳад гирифт.
Зимнан, Рустам Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳомдорон ва бозингарони дастаи “Истиқлол” маҳсуб мешавад. Интизор мерафт, дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Питерсбург Рустам Эмомалӣ ширкат кунад, аммо дар ду бозии гузашта ӯ ба майдон набаромад.
Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ 16 дастаи қаҳрамонони Иттиҳоди Кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ дар чаҳор гурӯҳ ҳунарнамоӣ карда ва аз ҳар гурӯҳ ду даста ба мусобиқоти чорякфинолӣ ширкат хоҳад кард. Ин бозиҳо рӯзи чаҳоршанбеи 19 январ ва мусобиқаи ниҳоӣ ё финол рӯзи 23 январ баргузор мешаванд.
Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дастаи “Зенти”-и Санкт-Питерсбург, қаҳрамони Русия дар ин мусобиқот бо ҳайат дуюми худ ширкат дорад, коршиносони бахши варзиши Русия мусобиқоти Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили муштаракулманофеъро чандон муҳим ва бонуфуз талақӣ намекунанд.
Бо ин вуҷуд дастаҳои Тоҷикистон то ҳол дар ин мусобиқот пирӯзӣ ба даст наоварда ва афзун бар ин, дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи соли 1997-и Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба дастаи “Спартак”-и шаҳри Маскав бо ҳисоби нанговари 19 бар сифр мағлуб шуда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/4170-2011-01-17-06-07-49.html