09:28:43 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

СЕ МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи гуштии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон се медал ба даст оварданд.

Варзиш спортМуовини сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, ба «Озодӣ» гуфт, ин мусобиқа, ки ҳамчунин яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд, дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ширкати беш аз 300 гуштигир (мардону занон) аз 15 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Уралски Қазоқистон барпо гардид.

Ҷаноби Абдуллоҳ афзуд: «Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 25 гуштигир дар намуди самбои варзишӣ намояндагӣ кард. Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 57 килограмм ҷойи дувумро касб намуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ду гуштигири дигари тоҷик – Ибод Шайхов ва Илҳомиддин Алиев дар вазни беш аз 100 килограмм ҷойҳои севумро гирифтанд ва бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.»

Дар ҳисоби умумидастаӣ Қазоқистон мақоми аввалро касб кард. Русия дувум ва Гурҷистон севум шуданд. Тоҷикистон дар мақоми чаҳорум қарор гирифт. Порсол гуштигирони тоҷик дар ин мусобиқа як медали нуқра (Акмалиддин Каримов дар вазни то 52 кг) ва се медали биринҷӣ (Искандар Ашӯров, 82 кг), Раҳматулло Абдуллоев, то 100 кг ва Зиёратшо Баротов, +100 кг) ба даст оварда буданд.

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi