03:23:52 16-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

М.НЕЪМАТОВ: "БА ЛОНДОН БАРОИ САБҚАТ МЕРАВЕМ, НА САЁҲАТ"

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар бораи омодагиҳои варзишгарон ба Олимпиадаи Лондон.

-Суоли аввали мо, табиатан, дар бораи омодагиҳо ба бозиҳои олимпии тобистона дар шаҳри Лондон ва камбудҳову дастовардҳоест, ки тӯли чаҳор соли ахир, баъд аз олимпиадаи Пекин, мушоҳида шудааст...

/images/stories/2012/05/08_m.nematov_8.5.12.jpg-То имрӯз мо 12 роҳхати олимпӣ гирифтем ва ҳоло дар Чин чемпионати ҷаҳон оид ба бокс мегузарад ва мо интизор дорем, ки ду духтари муштзан: Мавзуна Чориева ва Матлуба Каримова соҳиби роҳхати олимпиадаи Лондон мешаванд. Барои онҳо ин охирин имконият барои гирифтани роҳхати олимпӣ аст. Баъдан Фарҳод Қуралов аз намуди варзиши сабук (давидан) бояд дар як мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кунад, ки дар он имкони дарёфти роҳхати олимпӣ вуҷуд дорад.

Умуман, ният дорем, то 15 роҳхат ба даст орем. Фарқ байни бозиҳои Пекин ва Лондон ин аст, ки дар Пекин (дар соли 2008-ум) 9 роҳхати меҳнатӣ ва 6 роҳхати дигар ба тариқи тӯҳфа ё худ квота ба хотири рушди намудҳои махсуси варзиш ба мо дода буданд ва ҳар касеро, ки мо пешниҳод мекардем, ҳамонҳо мерафтанд. Онҳоро метавон сайёҳ ё тамошобин номид, зеро дар мусобиқа иштирок мекарданд, аммо аз онҳо касе натиҷаи баланд мунтазир набуд.

-Яъне имсол касе ба ҳайси кумаки башардӯстона роҳхати олимпӣ нахоҳад гирифт?

-То ҳол ба мо чизе надоданд. Чунки аслан ин роҳхатҳо тӯҳфа барои он кишварҳое мебошад, ки камтар аз 6 роҳхат ба даст меоранд. Ин тӯҳфа ба хотири рушди варзиш дар ин кишварҳо дода мешавад. Мо дар бозиҳои олимпии гузашта 9 роҳхати меҳнатӣ доштему ҳамчунон ду медали олимпӣ ба даст овардем.

Умуман, аз миёни 204 кишвари иштирокчии бозиҳои Пекин 116 кишвар аслан медал нагирифтанд. Тоҷикистон бошад, дар байни 84 кишвари ҷоизадор ҷои 70-умро ишғол намуд. Ҳоло мо ба қавле аз қатори кишвари мӯҳтоҷ берун шудаем. Эҳтимол ҳозир ҳам як ё ду ҷои ба истилоҳ ифтихорӣ пешниҳод шавад, вале ин охирҳои моҳи июн маълум мешавад.

-Мо дар саросари дунё мебинем, ки барои варзишгарон либоси хоси варзишӣ бо нишонаҳои парчаму рамзи кишвар медӯзанд, ки дигарон ҳаваси онро доранд. Оё Шумо ҳам ҳамин гуна либос хоҳед омода кард, ки тоҷикони хориҷи кишвар ҳам имкони харидану пӯшидани онро дошта бошанд?

-Мо як сол пеш озмун эълон карда будем ва беҳтарин намунае, ки ба мо пешниҳод шуд, ин либоси тарроҳи беҳтарини кишвар Мавлуда Ҳамроева буд. Мо бо масъулони ҳукумати мамлакат ва бо сарпарастии ҷамъияти саҳҳомии "Ориёнбонк" ин лоиҳаро мувофиқа кардем. Ҳоло мунтазири Мавзуна ва Фарҳод ҳастем, то андозаи онҳоро низ бигирему либосҳо дӯхта шаванд.

-Шояд хуб мебуд, ки ҳамин хел либосро бештар дӯзанд, зеро донишҷӯёни зиёдеро дар дохилу хориҷ дидаем, ки мехоҳанд либосе ба тан кунанд, ки дар он рамзи Тоҷикистон ҷо дода шудааст. Аслан ҳаводорони варзиш дӯст медоранд, ки дар майдон мисли дастаи дӯстдоштаашон либос пӯшида бошанд...

-Бале, ифтихормандона мепӯшанд. Масалан, дар Русияву дигар кишварҳо шоҳиди ин ҳол ҳастем. Ҳозир мо аз ширкати "Ёқут- 2000" чунин дархост кардаем. Ин ширкат як корхонаи муосири дӯзандагӣ дорад ва метавонад таҳияи либоси хуби варзиширо раҳандозӣ кунад.

-Албатта, хуб аст, ки мушкили варзишгарони номӣ то ҳадде ҳал шудааст. Вале муҳим аст, ки варзиш барои ҳама дастрас бошад. Шумо ҳам дар Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ифои вазифа мекунед ва эҳтимол вазифаи аввалиндараҷаи Шумо тарбияи ҷисмонии тамоми насли нави Тоҷикистон бошад. Солҳои ахир иншооти зиёди варзишӣ ҳам сохта шудааст, вале то ҷое медонем дар баъзе толорҳову ҳавзҳои шиноварӣ як тамрин ба 20-30 сомонӣ баробар аст, ки шояд барои бисёриҳо гарон бошад?

-Хуб, вақте мо дар бораи 10 сомониву 20 сомонӣ ҳарф мезанем, бояд донем, ки ин ҳамон ҳаққи муаллиму устод аст. Фикр мекунем, барои ба таври касбӣ омода кардани варзишгар ҳеҷ мушкиле нест, ки мо барои фарзандамон ё барои худамон 20-30 сомонӣ сармоягузорӣ кунем. Дар соли 2011-ум дар саросари мамлакат беш аз 1024 иншооти хурд, миёна ва калони варзишӣ сохта шудааст. Аксари ин варзишгоҳҳоро корхонаву ширкатҳо ва сохторҳои алоҳида бунёд намудаанд, ки барои онҳо ин биноҳо мисли сармоя ҳастанд.

Албатта, онҳо ба хотири нигаҳдошт, ба хотири ҷалби мураббӣ ва поккорӣ шояд каме маблағе талаб кунанд. Бар илова дастури президенти кишвар аст, ки дар ҳамаи маҳаллаҳову шаҳракҳо ва дар ҳама ҷои имконпазир майдончаҳои варзишие, ки дар замони кашмакашҳо бо ҳар мақсад аз худ карда буданд, ба соҳибашон баргардонида шаванд ва фақат ба хотири варзиш мавриди истифода қарор гиранд.

-Шунида будем, ки Шумову муовинонатон камубеш варзиш мекунед...

-Бале, ҳуқуқ надорем, ки варзиш накунем. Субҳ ё шом ҳар гоҳе ки вақт шуд, ман бо варзиш, бо давидан машғул мешавам.  Дар Кумитаи ҷавонон дастаи футбол ва баскетбол дорем, ки дар мусобиқаҳои Кумита ва ниҳодҳои гуногуни ҳукуматӣ ширкат меварзад. Худам аз хурдсолӣ дарвозабони хуб будам. Дар вақти мактабхонӣ, дар ноҳия, баъд дар хидмати аскарӣ ва ҳоло ҳам машқи футбол мекунам. Фарзандонамро ҳам бо худ мегирам. Муовинам собиқ дарвозабони дастаи "Помир"-и Душанбе буд.

-Мо ҳар сол шоҳиди дави баҳорӣ мешавем, ки дар сафи аввали он президенти Тоҷикистон аст. Вале бо як гул баҳор намешавад. Фикр намекунед, ки агар раҳбарон ҳамагӣ ба варзиш рӯ оранд ва агар дар ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳо мусобиқаҳо баргузор гарданд, шояд ташвиқу рушди варзиш осонтар шавад?

-Ҳар боре, субҳ дар варзишгоҳ мебинам, ки ҳафтае ду-се маротиба аз раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент сар карда, чандин вазирону масъулони давлатӣ дар майдонҳои варзишӣ омада машқ мекунанд. Ҳар кадоме тавре гуфтам, дар алоҳидагӣ тамрин мекунанд. Дар шаҳру ноҳияҳо аксари раҳбарон ҷавонанд ва фикр мекунам бе тафовут нестанд. Имсол мо бори аввал дави наврӯзӣ баргузор намудем, ки дар он шумораи зиёди одамон иштирок карданд. Дар рӯзи 19 ва 20-уми май боз ҳам Рӯзи дави миллӣ дорем.

-Дар бораи худатон маълумот медодед, ки куҷо хондаеду дар гузашта бо чӣ корҳо машғул будед?

-Ман хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳастам. Баъд донишгоҳи Андоз ва ҳуқуқро низ хатм кардаам. Оиладор, соҳиби ду писар ва як духтар мебошам. Ҳамсарам ҳамсинфам мебошад ва мо дар як парта таҳсил кардаву мактабро якҷоя хатм кардаем. Хидмати давлатиро дар соли 2000-ум дар дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар шурӯъ кардаам. Баъдан ёрдамчии президент будам ва 5 соли инҷониб раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳати Тоҷикистон ҳастам.
Искандари Хоҷа Мирзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi