04:00:03 21-уми Августи 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26 27
28            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Парлумон тағйирот ба қонуни матбуотро қабул накард

Парлумони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуотро, ки аз сӯи Вазорати фарҳанг таҳия ва аз сӯи ҳукумат пешниҳод шуда буд, қабул накард.

1_majlisi-namoyandagon_4454.jpgШукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 3 феврал гуфт, ки ҳоло барои бозбинии ин тарҳ як кумисюни махсус ба раҳбарии Абдуҷаббор Азизӣ таъсис шудааст ва баъд аз ниҳоӣ шудани тарҳ дубора қабулашро баррасӣ хоҳанд кард. Аммо Зуҳуров гуфт, то ин дам онҳо як нуктаи баҳсбарангези ин тарҳро иваз кардаанд ва аз хабарнигорон хост, ки нигарон набошанд.

Ӯ гуфт, нуктаи баҳсбарангези ин тарҳ, ки ба Вазорати фарҳанг ҳақ медод бо дархости додситони кулл фаъолияти расонаҳоро барои се моҳқатъ кунад, ҳазф шудааст. "Акнун ҳамаи ин дархостҳо дар бораи вуҷуди камбудиҳо дар кори расонаҳо ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. "Ин мавзӯъ мисли ҳар аризаи дигари сокинон дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳоло тарҳ иваз шудааст ва набояд ҷомеаи рӯзноманигорӣ хавотир бошанд," – афзуд Зуҳуров.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки масъули сабтиноми расонаҳост, дар рӯ ба рӯи вакилон гуфт, ҳадаф аз қабули тарҳи иловаҳо ба қонуни матбуот ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо аст, на бастани нашрияҳои мустақил. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ дар кишвар беш аз 600 расона сабтином шуда, ҳар кадоме аз онҳо барои хабарнигорон ҷои кор дуруст кардаанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар идома хоҳиш кард, то яке аз рӯзноманигорон, ки дар берун аз толори парлумон ҷараёни баҳсҳоро тариқи телевизион назорат доранд, ба назди вакилон биёяд ва нуқтаи назари хабарнигоронро бигӯяд.

Аваз Юлдошев, корманди нашрия ва хабаргузории "Азия-Плюс" ба ҳайси намояндаи хабарнигорон вориди толор шуда ва гуфт, ки аввалан ин тарҳи иловаҳо бе ризоят ва бидуни ҳамоҳангӣ бо хабарнигорон таҳия шудааст. Ӯ гуфт, "ҳатто вақте ин тарҳ ба парлумон ворид шуд, ягон иттилои дақиқ дар бораи он ба хабарнигорон дастрас нашуд ва ин боис гардид, то нофаҳмиҳо сар бизанад."

Ин хабарнигори тоҷик гуфт, ҳама гуна тарҳе, ки мухолифи озодии баён аст, нафақат дар дохил, балки дар хориҷи кишвар ҳам метавонад обрӯи Тоҷикистонро паст кунад. "Барои фикр кардан ва андеша кардан дар ягон давлати дунё ҷазо нест," - афзуд ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров дар посух гуфт, ки "ҳоло тарҳ сабуктар шудааст ва агар камбудиҳо пайдо шавад, мақомот бо ариза муроҷиат кунанд ва додгоҳ онро баррасӣ хоҳад кард." Дар идома Зуҳуров гуфт, онҳо паҳлӯи дигари масъаларо низ баррасӣ доранд, ки бояд ҳар як мақомдор ба ҳама гуна навиштаҳои хабарнигорон таваҷҷуҳ карда ва ба саволи он ки чаро ин ё он камбудӣ рух додааст, посух бигӯяд.

Раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, "озодӣ - озодӣ аст, бе ин пешравӣ намешавад. Камбудҳоро ошкор кардан даркор. Фақат аз қафои як мансабдор рафтан даркор нест. Роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод кардан даркор. Мо медонем, ки журналистон низ тарафдори беҳбудӣҳастанд."

Қабланҳукумати Тоҷикистон ба қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма" як силсила тағйиротеро пешниҳод карда, як банди махсус дар бораи тартиби боздошти фаъолияти расонаҳоро илова карда буд. Бар пояи ин тағйирот, ки ҳоло парлумон қабулаш накард, ба Додситони кулл ва додситонҳои тобеи ӯҳақ дода мешуд, рафъи қонуншиканиҳо аввал ба расонаҳо амри хаттӣ дода ва дар сурати риоя нашудани ин амр барои қатъи фаъолияти расонаҳо дархост фиристанд.

Ин нуктаи баҳсбарангези иловаҳо ба Қонуни матбуот бо вокунишҳои тунди хабанигорон рӯбарӯ шуд. Рӯзи 1 феврали соли ҷорӣ чаҳор созмони журналистии Тоҷикистон аз парлумон хоста буданд, ки тарҳро ба ин шакл қабул накунад. Онҳо гуфтанд, ин тарҳ дар сурати тасвибаш ба сензура ҷомаи қонунӣ хоҳад пӯшонд.

Қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" соли 1990 тасвиб шуда, то имрӯз ба он 6 бор тағйиру иловаҳо ворид шудааст. Дар таҳрири охирини қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки соли 2013 аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, тартиби қатъи фаъолияти васоити ахбори омма вуҷуд надошт.

Бо ин ҳол, созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳоло умед доранд, ҳангоми баррасии тарҳи иловаҳо ба қонуни матбуот ҳам, ки ҳоло дар дасти омӯзиши парлумон қарор дорад, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои марбута ҳам ҷалб ва андешаву пешниҳоди онҳо ба инобат гирифта хоҳад шуд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1