12:41:56 26-уми Июни 2025 сол

ҶОИЗАИ ЛОҲУТӢ БА ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММАДЗОДА

Дар ҷашни матбуоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чаҳор нафар ба ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд. Ҷоизаҳои Лоҳутӣ дар соли 2010 ба Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон», Самариддин Асозода, сардабири нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон», Мурод Муродӣ, мудири кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ва Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода барои як қатор барномаҳо дар Радиои Тоҷикистон дода шуданд.

 

Дар як ҷаласаи бошукӯҳ дар пойтахти Тоҷикистон, ки онро вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ боз кард, ҳамчунин 63 нафари дигар бо унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва тақрибан 30 нафар бо унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

 

Вазири фарҳанги кишвар дар ин ҷаласа аз нақши матбуот дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, маҳз бо заҳмати хабарнигорон мардуми кишвар аз воқеаҳои ҷумҳурӣ ва дунё огоҳ мешаванд. Вале ҷаноби вазир дар бораи мушкилоти матбуоти имрӯз ҳеҷ сухане нагуфт.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/1908-2010-03-11-14-07-56.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ