02:29:47 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАСОНАҲО ДАР МАЪРАЗИ ТАҲДИДИ БУҲРОНИ МОЛӢ

 

Масъулони бисёре аз расонаҳои хабарӣ ва нашрияҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ба сабаби буҳрони молӣ мизони қобили мулоҳизае аз даромади худ аз огаҳиҳо ва таблиғоти бозаргониро аз даст додаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулон буҳрони молӣ бар фаъолияти рӯзмарраи онҳо таъсироти ногуворе бар ҷой гузошта ва онҳо ночоранд теъдоди кормандони худро коҳиш бидиҳанд.

Дар ҳамоише, ки рӯзи панҷшанбеи 2 июл дар толори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд, бархе аз масъулони расонаҳо ва нашрияҳо аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки буҳрони молӣ дар се-чаҳор моҳи оянда фаъоиляти онҳоро бо мушилоти бештаре рӯбарӯ хоҳад кард.

Мавзӯъи мартруҳа дар ин нишаст таъсиси бунёд ва ё ситоди вижае барои мусоъидат ба коҳиши душвориҳои расонаҳо ва нашриёт дар Тоҷикистон дар замони буҳрони молӣ буд.

Яке аз пешниҳодҳое, ки дар ин нишаст бештар аз сӯйи масъулони расонаҳо садо дод, таҷдиди назари мақомоти зидахли давлатӣ дар заминаи ситондани молиёт аз расонаҳо, бавижа аз фурӯши нашрияҳо дар даврони буҳрони молӣ буд.

                                                        Таъхир дар таъсиси ниҳоде вижа

Маҳмудҷон Додобоев, раиси ширкати родию ва телевизиюни “Ҷаҳоноро” дар устони Суғд, мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ бо таъсиси ниҳод ва ё ситоде наметавон аз таъсироти манфие, ки буҳрони молии ҷаҳонӣ ба расонаҳо дар Тоҷикистон ворид мекунад, ҷилавгирӣ кард.

Оқои Додобоев афзуд: "Барои таъсиси ин гуна ниҳод дер шуд. Бояд ин ақидаро аз муддатҳо қабл пиёда мекардем. Зеро ҳоло барои таъсиси ин гуна ниҳод мо бояд зербанои онро омода кунем ва агар марказе таъсис бидиҳем, сарнавишти ин расонаҳо дар он чи гуна хоҳад буд, ин ҳам аз ҷумлаи суолотест, ки бидуни посух ба он таъсиси як марказ ва ё ниҳоде имконнопазир аст. Ҳамчунин иҷрои ин амр муддати тулонӣ мехоҳад."

Амммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд дар сурате ки масъулони расонаҳо ба ҷуз аз дархости кумак аз ягон ҷонибе, истротежии мушаххасеро барои рафъи авоқиби буҳрон пешниҳод накунанд, беҳбудии фаъолияти расонаҳо дар шароити буҳрони молӣ мушкил хоҳад буд.

Оқои Қаршибоев ҳамчунин гуфт: “Бадбахтӣ дар он аст, ки буҳрони молӣ метавонад дар ҳирфаӣ будани хабарнигорон дар мунсифона навиштани хабар ва ё гузоришҳо низ таъсири мафӣ расонад. Зеро бархе аз хабарнигорон барои ба даст овардани сармоя барои ниёзмандиҳои рӯзгор метавонад бо пешниҳоди сармояе аз сӯйи мухотабон, ба ҷойи навиштани ҳақиқат, ба гунае ба навиштани ситоиш дар мавриди ин афрод пардозанд.”

Зафар Абдуллоев, сардабири ҳафтаномаи “Факти и комментари”, гуфт, ки бар асари буҳрони молӣ ин нашрия водор шудааст чанде аз кормандонашро мураххас кунад.

Оқои Абдуллоев гуфт: “Тайи чаҳор моҳи соли ҷорӣ мо ба сабаби буҳрон натавонистем ҳафтаномаи худро мунташир кунем. Аммо агар мо бихоҳем, ки бо пахши огаҳӣ ҳафтаномаҳоро аз нобудӣ нигаҳ дорем, бояд ба чопи матолиби суфоришӣ низ таваҷҷуҳ кунем. Бо дарназардошти он ки дар Тоҷикистон фасоди молӣ дар сутуҳи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густарда аст, мо бояд аз ин истифода кунем. Яъне нукоти заъфи мақомотро пайдо кунем ва онҳоро дар баробари воқеъият қарор диҳем. Сипас онҳо низ водор мешаванд, ки дархостҳои моро, аз ҷумла дар заминаи пахши огаҳӣ дар расонаҳо бипазиранд.”

Оқои Абдуллоев мегӯяд ҳарчанд ин роҳ то андозае бо ахлоқи хабарнигорӣ муғойир аст, аммо дар шароити феълӣ барои аз муфлисӣ наҷот додани расонаҳо бояд аз ҳар роҳе истифода кард.

                                                            Фишори молӣ бар расонаҳо

Умед Бобохонов, раиси хабаргузории “Осиё-Плас” мегӯяд, ки агар иддае аз мақомот дар Тоҷикистон натавонистаанд бо фишору таъқиб бархе аз расонаҳои хабарии носозгор барои худро аз байн бибаранд, ҳамакнун буҳрони молӣ метавонад бисёре аз расонаҳо ва нашрияҳоро нобуд созад. Вай мегӯяд: “Ин буҳрон куллан дар кори родиюи “Осиё-Плас” таъсири манфӣ гузошт. Ҳудуди 50 дарсади даромад аз пахши огаҳӣ коҳиш ёфт. Ҳоло родиюи мо тамоми сармояро бидуни бозгардондани даромад фурӯ мебарад. Дар сурати идомаи чунин вазъ имкон дорад, ки дар се моҳи оянда бархе аз кормандони родиюи мо мураххас шаванд.”

Нуралии Давлат, коршиноси сиёсӣ, мегӯяд, бо он ки ҳуқуқи бештари хабарнигорон ва кормандони расонаҳои хабарӣ ва нашрияҳо коҳиш ёфтааст, ҳамакнун хатари коҳиши тирожи ҳафтаномаҳо низ вуҷуд дорад.

Оқои Давлат дар бораи яке аз роҳҳо, ки метавонад то андозае вазъи расонаҳоро дар шароити кунунӣ беҳбуд бахшад, мегӯяд: “Агар давлати Тоҷикистон бо дарназардошти ҷилавгирӣ аз муфлис шудани нашрияҳо ва расонаҳо аз ситондани молиёт аз расонаҳо гузашт кунад, ин иқдом метавонад то андозае вазъи расонаҳоро беҳбуд бахшад.”

Бархе аз масъулони ҳафтаномаҳои тоҷикӣ мегӯянд, ки онҳо аз даромади андаке, ки онҳо аз пахши огаҳиҳо дар ҳафтаномаҳо доштанд, маҳрум мондаанд, аммо кӯшидаанд, ки тирожи нашри ҳафтаномаҳояшонро коҳиш надиҳанд.

Ба гуфтаи Шарифи Ҳамдампур, сардабири нашрияи Тоҷикистон, ахиран ба сабаби буҳрони молӣ ва пойин рафтани қурби сомонӣ дар баробари дулор иддае аз кормандони ин нашрия, ки қарордоди корияшонро бо дарназардошти арзи хориҷӣ имзо кардаанд, аз масъулон тақозо кардаанд, ки пардохти ҳуқуқ ё маъоши онҳо бо дарназардошти баҳои кунунии сомонӣ сурат бигирад.

Вале ба гуфтаи масъулони ин нашрия, вазъи кунунии молӣ ба онҳо имкон намедиҳад, ки ин тақозои кормандони худро бароварда созанд. Дар чунин сурате, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бисёре аз хабарнигорони ҳирфаӣ шуғли худро барои ҳамеша тарк кунанд.

Дар мизи гирди масъулони расонаҳои хабарӣ қарор бар ин шуд, ки масъулияти дидабонӣ ва назорат бар таъсири буҳрони молии ҷаҳонӣ бар вазъияти расонаҳо ва нашриёт дар Тоҷикистонро Анҷумани расонаҳои мустақил ба дӯш бигирад.

Барои таъсиси ниҳод ва ё ситоди вижае ҳамчунон ниёз ба сармоя вуҷуд дорад, вале дар шароити феълӣ ҳеҷ як муассиса ва ё созмоне барои иҷрои ин иқдом сармоя надоштааст.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi