01:49:18 01-уми Июни 2025 сол

“ОШТӢ”-И ДОДРАСҲО БО СЕ НАШРИЯИ МУСТАҚИЛ

Баҳс миёни додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон ва се нашрияи мустақил бо мусолиҳа анҷомидааст. Амриддин Сафоев, додраси Додгоҳи ноҳияи Сино, ки баррасии қазияро ба ӯҳда дошт, ин хабарро таъйид кард, аммо афзуд, ин мусолиҳа ниҳоӣ набуда, ҳанӯз ба ҳукми қонун надаромадааст.

sudБа қавли ӯ, ҷонибҳо фурсат доранд, ки тасмими ниҳоии худро то даҳ рӯзи дигар дар робита ба ин қарор рӯшан бикунанд. Ба гуфтаи ӯ, яъне танҳо пас аз даҳ рӯзи дигар ин қарор ба ҳукми қонун медарояд.

Баҳси додгоҳии се нашрияи мустақил бо додрасҳои Додгоҳи олӣ дар охири моҳи январи соли гузашта, пас аз нашри изҳороти Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ додситони кул ва вакили дифоъ, дар бораи вуҷуди мавориди фасод дар Додгоҳи олӣ оғоз ёфт.

Додрасҳои Додгоҳи олӣ нашрияҳои “Озодагон”, “Фараж” ва “Азия-плюс”-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, панҷуним миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб карданд.

Баррасии қазияи додрасҳои Додгоҳи олӣ бо се нашрияи мустақил тӯли бештар аз як сол дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дошт. Аммо танҳо дар охири моҳи марти соли ҷорӣ додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, Мамадисо Саидов, даъвои худ нисбат ба Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъро пас гирифт.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854