ОҒОЗИ КОРИ НАХУСТИН ХАБАРГУЗОРИИ УЗБАКӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Нахустин хабаргузории узбакзабони Тоҷикистон бо номи "Диёр" ба фаъъолият оғоз кард. Як масъули ин хабаргузорӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо дарназардошти ҷамъияти бузурге аз узбакзабонони Тоҷикистон, ки бузургтарин ақаллияти қавмӣ дар кишвар маҳсуб мешаванд, таъсиси чунин як хабаргузорӣ бағоят муҳим аст.
Зимнан, бар асоси омори расмӣ, ҳудуди 15 дарсад ё беш аз як милюн нафар аз ҷамъияти ҳафтмилюннафарии Тоҷикистонро узбактаборон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин масъули хабаргузории “Диёр”, ки нахост номаш ифшо шавад, чанд тан аз хабарнигорони узбактабори Тоҷикистон аз мубтакирони таъсиси ин хабаргузорӣ будаанд.
Ин муассиса дар ниҳодҳои додгустарӣ ё адлия ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин хабаргузорӣ бидуни сармоягузорӣ аз сӯйи ҳеч созмони хориҷӣ ё ниҳодҳои давлативу хусусии Тоҷикистон таъсис шуда ва феълан ба кумакҳои молӣ ниёз дорад.
Қарор аст ин хабаргузорӣ дар канори нашри гузоришу матолиби таҳлиливу хабарӣ ба забони узбакӣ, ҳамчунин чопи ин матолибро ба забони русӣ низ роҳандозӣ кунад.
Зимнан, ин даҳумин хабаргузориест, ки дар Тоҷикистон ба фаъъолият оғоз кардааст. Ҳоло дар кишвар дар канори 6 хабаргузории саросарӣ ҳамчунин чаҳор хабаргузории маҳаллӣ дар вилоятҳо фаъъол ҳастанд. Ҳарчанд фаъъолияти хабаргузориҳои маҳаллӣ чандон муассир ба назар намерасад.
Вале хабаргузориҳои “ASIA-Plus”, “Авесто”, “Тоҷнюз”, “Озодагон”, “Pressa.tj” ва хабаргузории давлатии “Ховар” аз бунгоҳҳои аслии иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон дониста мешаванд. Дар Тоҷикистон намояндагиҳои чанде аз расонаҳо ва хабаргузориҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Эрон ва бархе аз кишварҳои урупоӣ низ фаъъоланд.
Дар ҳамин ҳол, бештари коршиносони умури расонаҳо бар ин назаранд, ки фаъъолияти хабаргузориҳо дар Тоҷикистон чандон судовар нест. Зеро вазъи иқтисодии расонаҳои мустақил имкон намедиҳад, ки онҳо тавлидоти ин хабаргузориҳоро харидорӣ кунанд.
Ба ин далел, ахбору иттилоъоти хабаргузориҳо бештар дар веӣгоҳҳои интернетии онҳо дар дастраси умум қарор дода мешаванд. Маъмулан, бештари хабаргузориҳои Тоҷикистон ба яке аз расонаҳои гурӯҳӣ, умдатан, нашрияҳои пурхаридор, вобастаанд ва фаъъолияти онҳо аз даромади нашрияҳо ва таблиғоти бозаргонӣ таъмин мешавад.
Би-Би-Си