21:25:51 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НИГАРОНӢ АЗ ЭҲТИМОЛИ МАҲДУДИЯТИ ОЗОДИИ БАЁН ДАР ОСТОНАИ ИНТИХОБОТ

Дар ҳоле ки то интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди якуним сол боқӣ монда, нигарониҳо аз эҳтимоли маҳдудияти озодии баён дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Ба ин нукта дар ҷаласае ба муносибати "Рӯзи ҷаҳонии озодии матбӯъот" дар шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбеи 3 май таъкид шуд.

/images/stories/2012/05/03_freedom_speech-3512.jpgХуршед Ниёзов, сардабири нашрияи мустақилли "Фараж" ва дабири кулли созмони "Медиа алянси Тоҷикистон", зимни суханронӣ дар ин ҷаласа гуфт шавоҳиде вуҷуд дорад, ки матбӯъоти мустақил тӯли як сол дар остонаи интихобот бо таҳдидҳое рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вай ба унвони мисол аз вазъи озодии баён дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар соли 2005 ёдовар шуд ва гуфт, ки он замон фаъъолияти нашрияҳои мустақилли "Нерӯи сухан", "Одаму олам" ва "Рӯзи нав" мутаваққиф шуда буд.

Сипас, ӯ ба ҳаводиси пойзи соли 2010 дар водии Рашт ишора кард ва гуфт, ки ба дунболи бозтоби даргириҳо миёни нерӯҳои давлати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои ба истилоҳи давлат "терруристӣ" дар матбӯъоти мустақил фаъолияти се нашрияи "Фараж", "Нигоҳ" ва "Пайкон" барои муддате қатъ ва панҷ сойти интернетӣ масдуд шуда буд.

Оқои Ниёзов гуфт: "Набудани чопхонаи мустақил, ба дарозо кашидани тасвиби қонуни матбӯъот, аз муҷаввиз маҳрум шудани родию ва телевизиюнҳои мустақил, маҳдуд ва ҳатто масдуд кардани торнамоҳои интернетӣ ва ба додгоҳ кашидани муаллифони матолиб ва шарҳу назароти интернетӣ (аз ҳоло чунин кӯшишҳо анҷом шуда истодааст), бӯҳрони молӣ ва пойин шудани имкони харидории сокинон, маҳдуд шудани ҳамкориҳои ширкатҳои тиҷоратӣ ва расонаҳои хабарӣ ва афзоиши имкони сӯиқасд ба ҷони хабарнигорон дар остонаи интихобот аз ҷумлаи таҳдидҳо барои озодии баён маҳсуб мешаванд."

Вале Иброҳим Усмонов, устоди рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи исловии Тоҷикистон, вуҷуди чунин таҳдидҳо барои расонаҳо ва нашрияҳои мустақиллро дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар бепоя хонд.

Оқои Усмонов гуфт: "Васоити ахбори умумии (расонаҳои) имрӯзи мо қобили таҳдид нестанд. Сару садоҳо дар ин замина асосе надорад. Журналистикаи (рзноманигории) имрӯзаи тоҷик хусусияти сиёсӣ надорад. Хусусияти иҷтимоъияш низ ба ҳадди паст аст."

"Журналистикаи имрӯзаи тоҷик умдатан ба таърихнигорӣ машғул аст. Мавзӯъи имрӯз камтар матраҳ мешавад. Ҳоло журналистика бештар ба адабиёти саргармкунанда монанд шудааст. Дар ин ҳолат ҳеч чиз озодии баёнро таҳдид намекунад."

Ба гуфтаи оқои Усмонов, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда "хеле ором ва бидуни валвала" баргузор шуда ва матбӯъоти озоди кишвар аз интихобот пуштибонӣ хоҳад кард.

Дар ин ҳамоиш бархе аз ҳозирон коҳиши қазияҳои додгоҳӣ алайҳи хабарнигорон ва нашрияҳои мустақил ва пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, дар мавриди лағви муқаррароти марбут ба таҳқиру тӯҳмат аз Қонуни кайфарии Тоҷикистонро аз ҷумлаи иқдомоте хушбинона барои беҳбуди вазъи озодии баён арзёбӣ карданд.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ танҳо ду қазия алайҳи нашрияҳои мустақил дар додгоҳҳо баррасӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар давраи мушобеҳ дар соли гузашта 5 нашрияи мустақилли "ASIA-Plus", "Фараж", "Озодагон", "Пайкон" ва "Миллат" мавриди муҳокимаҳои қазоӣ қарор доштанд.

Дар ҳамин ҳол, Иноят Иноятов, ҳуқуқдони мустақил, гуфт, ки аз қонуни кайфарӣ хориҷ кардани моддаҳои марбут ба таҳқир ва тӯҳмат ба беҳбуди вазъи озодии баён ва тавсеъаи гуногунандешӣ дар ҷомеъа мусоъидат хоҳад кард.

Зимнан, Президент Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими таҷлил аз 100-умин солгарди матбӯъоти тоҷик дар моҳи марти соли ҷорӣ, хостори лағви моддаҳои 135 ва 136 дар бораи таҳқир ва тӯҳмат аз Қонуни ҷиноии Тоҷикистон шуда буд.

Ҳамакнун, намояндагони расонаҳо ва нашрияҳои мустақил хостори лағви моддаи 137-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон дар бораи тавҳин ва таҳқири раиси ҷумҳур шудаанд.

Оқои Иноятов гуфт: "Барои баррасии ин масъала дар Вазорати адлия кумиссиюне таъсис шуда, дар канори ин ду модда хориҷ кардани моддаи 137 дар бораи таҳқири президентро низ матраҳ хоҳад кард. Дар ин қонун моддаҳои марбут ба таҳқири низомиён ва моддаҳои дигари марбут ба таҳқир аст, ки онҳо низ бояд баррасӣ шаванд."

Зимнан, ҳоло дар додгоҳе дар шаҳри Душанбе қазияи нашрияи мустақилли "Фараж" ба иттиҳоми тӯҳмат ва тавҳин баррасӣ мешавад. Файзиддин Азизов, як масъули маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ин нашрия барои "ворид кардани зарари маънавӣ" хостори пардохти ғаромат ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ шудааст.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi