23:30:42 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/09/24_--01-asia%20plas.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/09/24_--01-asia%20plas.jpg'

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Пешниҳоди якумрӣ кардани мӯҳлати президентӣ дар миёни нирӯҳои сиёсии Қазоқистон дар нашрияҳои ин ҳафтаинаи чопи Душанбе низ вокунишҳоеро ба бор овардааст. Ҳафтаномаи «Нигоҳ» зери рубрикаи «Минбари коршинос» саволи «Дар Тоҷикистон президентӣ якумрӣ буда метавонад?-ро матраҳ кардааст.

 

Журналист Абдуқаюми Қаюмзод дар посух ба ин суол гуфтааст, ки «ба андешаи ман ин имкон вуҷуд дорад. Аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ин амалро интизор шудан мумкин аст. Бубинед, тамдид кардани мӯҳлати раёсати президент дар кишварҳои Осиёи Миёна ташаббуси Қазоқистон буд. Баъдан дигар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ин иқдомро идома доданд». Коршинос Зафар Мирзоён дар хулосаи хеш ба ин суол чунин посух додааст: «Дар Тоҷикистон низ имкон дорад, садрнишинон пешниҳод кунанд, ки президент якумрӣ шавад. Лекин бовар дорам, ки агар чунин пешниҳод шавад. Президенти мо онро қабул нахоҳад кард».

 

Аммо устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон профессор Иброҳим Усмонов агарчӣ аз посухи рӯйирост ба ин суол худдорӣ карда бошад ҳам, вале нуқтаи назари худро ба ин тарз ифода кардааст: «Тафовути вазифаи президентӣ аз мақоми подшоҳӣ ин аст, ки президент интихобӣ мебошад. Подшоҳ авлодӣ ё ирсӣ аст. Ана ин ҷавоб ба он чизе, ки ба Назарбоев пешниҳод кардаанд. Дар ҳеҷ ҷойи дунё аз ин чаҳорчӯба берун намебароянд. Касе аз ин чаҳорчӯба мебарояд, аслан, сохтори давлатро эҳтиром надорад».

 

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷинои Собиров) Масъуд Собиров дар мақолаи худ «Президентии якумрии Назарбоев барои кишварҳои дигар чӣ паёме дорад?», ки дар ҳафтаномаи «Миллат» ба чоп расидааст, ба ин савол чунин посух додааст: «Оқибатҳои амали зикршуда барои таҷрибаи алалхусус минтақавии сиёсиву раҳбарӣ беасар нахоҳад монд ва итминон дорам асаре хоҳад дошт манфӣ. Маъзарат мехоҳам, вале беҳуда намегӯянгд, ки «ибрати номатлуб сирояткунанда аст («дурной пример заразителен»).

 

Дар ҳамин ҳол журналист Раҷаби Мризо дар ҳафтаномаи «СССР» дар матлаби «Президентӣ то… мурдан. Назарбоев «шоҳигарӣ»-ро аз Осиёи Миёна ба ОБСЕ мебарад?» Оиди ин мавзӯъ андешаҳои хешро зимни таҳлили хубе иброз доштааст.

 

Дар ҳамин ҳафтанома номаи як сокини деҳаи Лағмони ноҳияи Кӯлоб, узви ҲХДТ бо исми Ҷаббор Раҷабов таҳти унвони «Саидамир Зуҳуровро ба ҳукумат баргардонед!» ба табъ расидааст, ки дар он муаллиф аз хизматҳои ин шахсияти маъруфи сиёсии кишвар дар барқарори сулҳу субот ва пешрафтиҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ёдовар шуда пешнҳод кардааст, ки ӯро боз ба корҳои муҳими давлативу ҷамъитӣ ҷалб намоянд».

 

Дар ҳамин шумораи ҳафтаномаи «СССР» Мирзоватан Миров, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон дар мақолаи худ «Одина Ҳошим: Аз фирор то куштор» саргузашти талхи устодашро дар солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ ба қалам додааст.

 

Вале шояд муҳимтарин матлабе, ки ин ҳафта дар матбуоти тоҷик ба нашр расидааст, мавзӯи асосии ҳафтаномаи «Нигоҳ» «Ба Президент Раҳмон кӣ маслиҳат медиҳад?» бошад.Дар ин мақола журналисти ҷавон, вале серғайрат Абдуазими Абдуваҳҳоб нахуст дар бораи таърихчаи институти давлатдории мушовирон дар ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумот дода сипас аз шахсиятҳое ном мегирад, ки дар ин вазифа дар замони Набиев, Қадриддин Аслонов ва Эмомалӣ Раҳмон фаъолият кардаанд. Аз миёни онҳо мушовирон Абдуҷаббор Азизов, Эркин Раҳматуллоев, Матлубхон Давлатов, Саймурод Фттоев ,Шерхон Салимзода мавриди таваҷҷӯҳи бештари муаллиф қарор гирифтаанд ва ӯ дар бораи онҳо маълумоти муфассалтаре додааст.

 

Мавзӯи интихоботи қарибалвуқӯъи парлумонӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими нашрияҳои ин ҳафтаина ба шумор меравад. Дар ин мавзӯъ мусоҳибаҳои ҳафтаномаи «Озодагон» ва «Фараж» бо Раҳматилло Зоиров, Раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон хеле ҷолиб ва хонданибоб ҳастанд. Лидери сотсиал-демократҳои Тоҷикистон аз ҳадафу имкониятҳои ҳизбаш дар арафаи интихобот андешаронӣ кардааст.

 

Дар ин мавзӯъ «Озодагон» боз давоми мақолаи «Аҳзоб худро «муаррифӣ» мекунанд. «Фоҷиаи миллӣ» боз такрор мешавад?»-ро низ ба нашр расондааст. Дар ин шумора муаллиф кӯшидааст, ки оиди яке аз чеҳроаҳои дар гузаштаи на чандон дур маъруфи сиёсии кишвар Султон Қувват, ки муассиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёти Тоҷикистон мебошад, ба хонандагони хеш иттилоъ бидиҳад.

 

Чанде пештар ҳафтаномаи «Пайкон» мақолаеро таҳти унвони «Фарёд зи дасти айбҷӯён, ё чаро нома дар ғайб асту Ҳуриннисо моҳи беайб?» ба нашр расонда буд, ки дар он сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Ҳуриниссо Алиева мавриди интиқоди шадиди муаллифи он Файзи Олӣ қарор гирифта буд. Ин ҳафта бо имзои Ислом Юсуфӣ, узви Конфедератсияи байналхалқии рӯзноманигорон зери сарлавҳаи «Суханчиниву кинатӯзӣ ба хотири чӣмақолаи ҷавобӣ навишта шудааст, ки он бо лаҳни тунд ва шадиди хеш аз дигар матолиби чопшуда тафовут дорад.

 

Нависандаи маъруфи тоҷик Абдурофеъ Рабизода асари хеш «Афсонаи миллате ва навдачӯби дупора»-ро, тақрибан 16 сол баъди нахустин бор ба забони русӣ дар Русия ба табъ расиданаш, инак аввалин маротиба чопашро ба забони тоҷикӣ дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» оғоз кардааст. Дар оғози матлаб нависанда чунин менигорад:

 

«Чун соли 1993, ин асар, дар Маскав, бо русӣ ба табъ бирасид, ҳамоно ба забонҳои зиёди олам тарҷума ва нашр бигардид ва ҳар миллат дар он саргузашти худро медид, меёфт, таъкид мекард: «дар бораи мо иншо шуда».

 

Саидаҳмад Гулов омӯзгори фанни таърихи яке аз мактабҳои мутавасситаи шаҳри Душанбе дар мақолаи хеш «Номи Гулрухсору Бозорро чӣ гуна мешавад аз сафҳаи таърих хат зад?!» китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11-умро, ки соли 2006 дар Душанбе ба нашр расидааст, мавриди таҳлил қарор дода аз он ибрози таассуф кардааст, ки дар ин китоби дарсӣ зикри номи чунин бузургони фарҳангу адабиёти тоҷик аз қабили овозхонҳо Иброҳим Кобулӣ, Абдулло Назриев, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, шоирон Бозор Собир, Гулрухсор аз ёд фаромӯш шудааст.

 

Нашрияи русзабони «Азия-плюс» дар сармақолаи хеш, ки «Толибон дар пушти дарвоза» ном дорад, навиштааст, ки оё лашкари Мулло Умар ба Тоҷикистон ҳамла хоҳад овард? Дар посух ба саволи хеш ин ҳафтанома суханони лидери гурӯҳи Толибон Мулло Умарро овардааст, ки мегӯяд «ҳамсояҳои Афғонистон аз ба сари қудрат омадани Толибон набояд дар ҳарос бошанд. Мо ният дорем, ки бо ҳамаи онҳо муносибатҳои хуб дошта бошем».

 

Нашрияи ҲНИТ «Наҷот» дар ин шумораи худ ба хотири риояи чандандешӣ мақолаи Саидбег Маҳмадуллоев, сардори раёсати иттиҳодияҳои диннии Сарраёсат оид ба корҳои дини Вазорати фарҳанги ҶТ таҳти унвони «Селоби дурӯғ ҳамаро ваҳшатзада кард, ки вокунише ба чанд андешаи Ҳ. Сайфуллоҳзода дар ҳафтаномаи «Наҷот» аз 13 августи соли 2009 мебошад, чоп кардааст. Дар ҳамин шумора мақолаи муовини Раиси ҳизб Маҳмадалӣ Ҳаит таҳти унвони «Уштура гуфтанд ғамза кун…» ба табъ расидааст, ки мӯҳтавои онро ҷавобе ба навиштаҳои Сайидбег Маҳмадуллоев номидан мумкин аст.

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ