15:20:03 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Суду зиёни муҳоҷират: 'Пусть говорят' ҳамаро такон дод

Пахши барномае телевизиюнӣ дар бораи як хонаводаи тоҷик дар Русия ба вокунишҳои тунде дар бораи суду зиёни муҳоҷират дар Тоҷикистон доман задааст.

malakhov shahzoda 304Барномаи "Пусть говорят" (Бигзоред, ҳарфашонро гӯянд), ки дар шабакаи телевизиюнии "ОРТ" дар саросари Русия пахш мешавад, шаби 9 октябр ба сарнавишти марди тоҷике ихтисос дошт, ки хонавода ва фарзандонашро дар ватан гузошта ва зиндагӣ бо зане русро ихтиёр кардааст.

Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин барнома бо иҷрои Андрей Малахов, муҷрии маъруфи телевизиюни Русия, ба яке баҳсбарангезтарин мавзӯъот дар шабакаҳои иҷтимоъии марбут ба тоҷикон дар интернет табдил шудааст.

Қазияи Саид Шарипов, муҳиҷири тоҷик дар Русия, ки ҳамсару фарзандони тоҷикашро пас аз ҳашт сол бори аввал дар ҷараёни барномаи "Пусть говорят" мебинад, ҳамчунин баҳсҳо дар бораи суду зиёни муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русияро дубора доғ кардааст.

Аз барнома чунин бармеояд, ки оқои Шарипов соли 1993 бо Шаҳзода Абдуҳалимова дар Тоҷикистон издивоҷ карда ва бо ӯ се фарзанд ёфтааст. Аммо вай соли 2005 ба Русия муҳоҷират карда ва то ҳол барои хонаводаи тоҷикаш "мафқудуласар" маҳсуб мешуд.

Дар ҷараёни барномаи ҷанҷолии "Пусть говорят" дар коноли давлатии "ОРТ"-и Русия ошкор шуд, ки оқои Шарипов дар зарфи ин солҳо бо зане рус махфиёна зиндагӣ мекард ва ин зан ҳам фарзанде аз ӯ ба дунё овардааст.

Ин зани рус бовар доштааст, ки Саид дар Тоҷикистон зану фарзанд надорад ва волидайнаш муддатҳо пеш даргузаштаанд. Худи Саид ҳам гуфт, ки зану фарзанд надошта ва модараш фавт кардааст, дар ҳоле ки дақоиқе баъд модар ва зану фарзандони тоҷикаш дар саҳна зоҳир мешаванд.

Ин барнома вокунишҳои шадидеро дар фазои маҷозии Тоҷикистон ба дунбол дошт. Дар ҳоле ки бархе аз корбарони тоҷики Фейсбук Саид Шариповро башиддат маҳкум кардаанд, иддае дигар сиёсатҳои давлати Тоҷикистонро ба боди интиқод гирифта ва мақомотро барои бадбахтии ҳазорон хонаводаи муҳоҷир, ки сарнавиште мушобеҳ доранд, муқассир донистаанд.

'Гуфта буд, ки бармегардад ва хона мехарад'

Дасти кам яку ним милиюн шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ, умдатан дар Русия, дар шароити тоқатфарсое кору зиндагӣ мекунанд.

Шаҳзода Абдуҳалимова ҳамсараш Саид Шариповро соли 2005 ба муҳоҷират гусел кард ва ӯро бори аввал пас аз нуҳ сол дар барномаи телевизиюнии "Пусть говорят" дид, ки дар ҳоли таҳвил додани ҳалқаи номзадӣ ба маъшуқаи русаш буд.

Қиссаи ин зани рус низ, ки барномаи қаблии телевизиюн ба он ихтисос дошт, низ ҷанҷолофарин буд. Ӯ дар барнома бо шавҳараш бар сари фарзанде, ки падараш маълум набуд, даъво дошт. Аммо озмоиши Ди-эн-эй собит кард, ки фарзанди ӯ писари Саид, марди муҳоҷири тоҷике будааст.

Барномаи дувум зиндагии махфиёнаи Саид Шариповро бармало кард, ки модар, зан ва се фарзандашро дар Тоҷикистон ба фаромӯшӣ супурда буд. Замоне ки модар ва зану фарзандони Саид дар истудиюи телевизиюн зоҳир шуданд, ашк аз чашмонашон мешорид.

Аҳли толор ҳама ба Саид нафрин мекарданду ба хонаводааш офарин. Ҳатто Андрей Малахов, муҷрии барнома, дар поён ба Шаҳзода Абдуҳалимова, ҳамсари оқои Шарипов, ибрози эҳтиром кард.

Хонуми Абдуҳалимова пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки то муҳоҷирати Саид ба Русия ӯ дар 12 соли зиндагии муштарак бо шавҳараш ҳеҷ гоҳ даъвое надоштааст.

Ӯ афзуд, ки Саид ба далели сангин будани рӯзгор ба Тоҷикистон барнагаштааст: "Шояд ҷойи оромеро ёфт, на кӯдак, на ғавғо... Мо инҷо дар хобгоҳ, бо се кӯдак...Барои ҳамин, дигар нахост омадан... Гуфта буд, ки барои як сол меравад ва баргашта, хона мехарад..."

Хонуми Абдуҳалимова афзуд: "Як сол не, нуҳ сол гузашт. Духтаронашро танҳо тавре калон кардам, ки рӯзе наояду бигӯяд, ки маро беобрӯ карданд. Калонӣ шавҳар кард... Агар намехоҳад баргардад, ихтиёр дорад, аммо барои ман не, барои писараш ҳамон хонаро, ки ваъда карда буд, бигирад. Зӯри ман намерасад."

Бисёре ҳадс мезаданд, ки пас аз барнома имкон дорад Саид Шарипов аз Русия ихроҷ карда шавад, зеро муҳлати иҷозаи иқоматаш тамом шуда буд. Аммо ба гуфтаи Абдулло Давлатов, бо гузашти панҷ сол аз муҳоҷираташ ӯ табаъияти Тоҷикистонро аз даст дода ва наметавонад ба ин кишвар баргардад.

Худи оқои Шарипов дар суҳбате телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки намехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ афзуд: "Он ҷо оила калон, кор нест, чи кор мекунам рафта? Ман зиндагию корам дар Русия аст, ба зиндагии ин ҷо одат кардам, наметавонам Тоҷикистон биравам."

Фақру фасоди густарда, бекорӣ ва душвор будани фаъъолиятҳои тиҷорӣ дар Тоҷикистон сабаб шуда, ки бахши умдае аз мардони мустаъид ба кори ин кишвар барои ҷустуҷӯи кор ватанро ба қасди Русия тарк кунанд ва тӯли моҳҳо ва солҳо ба дур аз наздиконашон ба сар бибаранд.

Коршиносони умури иҷтимоъӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ борҳо бар паёмадҳои номатлуби муҳоҷират бар зиндагии тоҷикон, аз ҷумла асароти он бар фарзандони маҳрум аз меҳру тарбияти падарон таъкид мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, аксари муҳоҷирони тоҷик барои муддати тӯлонӣ аз хонавода дур монда ва билохира дар ғарибӣ дӯстдухтаре пайдо мекунанд ва ё дубора издивоҷ мекунанд.

Дар ҳоле ки бархе аз онҳо интиқоли пул ба хонаводаҳои тоҷики худро идома медиҳанд, иддаи зиёде низ ҳастанд, ки мисли Саид Шарипов даст аз ёру диёр шуста ва гоҳ бо дарёфти табаъияти Русия барои солҳои тӯлонӣ суроғи хонаводаҳои тоҷики худро намегиранд.

ӣ моро ба ин рӯз расонд?"

Ин мавзӯъ дубора дар ҳоле мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, ки як моҳ пас Эмомалӣ Раҳмон, ки мухолифонаш сиёсатҳои "нодурусти" ӯро сабаби аслии афзоиши муҳоҷират аз кишвар медонанд, барои чаҳорумин бор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат хоҳад кард.

Ба ин далел, агарчи бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ аз дидани ин барномаи телевизиюнӣ дар бораи қазияи Саид Шарипов шигифтазада шудаанд, аммо бархе дигар ин вазъро ношӣ аз сиёсатҳои ба гуфтаи онҳо нокоми давлати Тоҷикистон медонанд.

Аз ҷумла, як корбари Фейсбук ба номи Бахтиёр Қурбонов зери видиюи ин барнома навишта: "Режими диктотур моро ба ин рӯз овард, ин бори нахуст нест. Ҳамин гуна мо миллатро аз даст медиҳем."

Корбари дигар бо номи Куруши Суҳроб тавсия кардааст, ки ҳар касе мехоҳад бидонад, ки чаро русҳо аз "миллати мо" мутанаффиранд, бояд ин барномаро тамошо кунад.

Степан Скрипник, як корбари русизабони Фейсбук навишта: "Саид худро ба кишваре расонд, ки дар он ҷо вазъи беҳтари зиндагиро пайдо кардааст. Сабаби ин хеле сода аст - ҳамсар, шаҳрвандӣ, манзил, фарзанд - ва ба ҳадафаш ҳам расид."

Бархе аз корбарон мегӯяд, ки Саид Шарипов дар ҷустуҷӯйи зиндагии беҳтаре ба Русия рафтааст, аммо Саид танҳо нафаре нест, ки муҳоҷир шуда ва ба сурати умумӣ занҳои дигаре низ ҳастанд, ки сарнавишти мушобеҳе бо қиссаи ҳамсари Саид Шарипов доранд.

Исмоил Талбаков, фаъъоли ҳизби кумунист ва аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, зиёне, ки муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия дар пай дорад, камтар аз суди он нест.

Оқои Талбаков афзуд: "Муҳоҷират ду ҷанба дорад. Агар қисме аз мардум аз ночорӣ муҳоҷир шаванд, барои қисми дигар муҳоҷират як навъ муд шудааст. Бисёре аз муҳоҷирон ҳамин тур, бидуни ҳадафе ба Русия мераванд. Бисёре аз ҷавонон мактабро тамом мекунанд, падаронашон дар Русия барои ин ки сабозӣ нараванд, даъват мекунанду пешашон мебаранд. Яъне аз хидмати ҳарбӣ мегурезем."

Бо ин ҳол, маблағе, ки муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон мефиристанд, аз сарчашмаҳои аслии даромади будҷеи Тоҷикистон аст. Барои мисол, дар соли 2012 муҳоҷирон аз тариқи бонкҳо беш аз 3 милёрду 595,2 милюн дулори омрикоӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд, ки 47 дарсади маҷмӯъи тавлидоти нохолиси дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.

Аммо зиёне, ки муҳоҷират дар вазъияти иҷтимоъӣ дар сатҳи хонаводаҳо ва равобити отифии фарзандону волидон мегузорад, ҷиддан мутолеъа нашудааст, ҳарчанд назарсанҷиҳои ҷудогона ҳокист, ки кӯдакони муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон бештар ба афсурдагӣ ва мушкилоти равонӣ рӯбарӯ мешаванд, то кӯдаконе, ки дар хонаводаҳои ғайри муҳоҷир ба бор меоянд.

Омори расмӣ ҳамчунин ҳокӣ аз шумори афзояндаи муҳоҷирони кориест, ки дар Русия ба бемориҳои мухталиф, монанди сил ва ҳепотит, мубтало мешаванд. Мавориди сирояти вируси нақси эмании инсонӣ аз муҳоҷирон ба ҳамсаронашон пас аз бозгашт ба Ватан низ чашмгир аст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар тобистони соли ҷорӣ эълом кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 аз Русия ба Тоҷикистон 458 тобут бо аҷсоди муҳоҷирон интиқол дода шудааст, ки 41 нафар аз ин афрод ба қатл расида ва 13 нафари дигар худкушӣ кардаанд.

Шамсияи Қосим, Би-би-сӣ, Душанбе



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: Суду зиёни муҳоҷират: 'Пусть говорят' ҳамаро такон додGuest 29.10.2013 22:17
Хайфи фарзанд,ки бе номусу, бе ор шавад,
Вакти,ки пири падару модари у хор шавад.
Падар аз хизмати фарзанд набошад рози,
Дар ду олам ба гаму гуса гирифтор шавад.
======================================
Хайфи фарзанд, ки бе номусу бе ор шавад.
Хар касе донад набоши дар ин файли фано.
Рузе сахте ба яке монаи Чаббор шавад.
Падару модар агар рози шаванд аз фарзанд
,Он шавкатхои он хазрати Мухтор шаванд.
===============================
Хайфи фарзанд ки бе ному бе ор шаванд,
Вакти, ки пири падару модар хор шаванд.
Нест маъкубули Худо тоати хар доги падар.
Дуои рузи чазо дузахи пурнор шавад.
Эй карими ту бирав хизмати онон бинамо,
То ки аз файзи дуо накли ту курбон шавад
==================================
.Хайфи фарзанд,ки бе номусу бе ор шавад,
Вакти пири падару модари у хор шавад.
Он кас ки маро руҳу равон буд падарам буд,
Он кас ки маро фахри замон буд падарам буд.
Афсӯс, ки рафт аз сарам он сояи раҳмат,
Он кас ки бароям нигарон буд падарам буд
================================
Дунё ба мисоли тири партофтанист,
Одам ба мисоли чизи ноёфтанист.
Хар чиз талаб куни биёби ба чахон,
Фарзанди падар меваи ноёфтанист
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi