11:39:26 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Тоҷикон меҳнати ҳалол мекунанд"

Гадоалӣ Ғуломов, 24-уми декабри соли 1964 дар деҳаи Ҷарбошии ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1979 баъди хатми синфи 8-ум ба шуъбаи шабонаи факултети сохтмони биноҳои саноатӣ ва манзилии Техникуми сохтмонии ноҳияи Ёвон дохил мешавад ва ҳамзамон дар СПМК-1 (Колоннаи сайёри механиконидашудаи бинокорӣ)-и ноҳияи мазкур кор мекард. Соли 1984 Техникумро бо тахассуси техник-бинокор ба итмом мерасонад.

2 gadoali-ghulomov 145445Ҳамон солба сафи Артиши шӯравӣ барои хизмати ҳарбӣ даъват мешавад. Хизмати аскариро ду сол дар Олмони демократӣ ба ҷо меорад. Баъди бозгашт аз хизмат ба кори бинокорӣ машғул мешавад. Дар СМУ-1 (Раёсати бинокориву монтаж)-и консерни "Газпром" шаҳри Душанбе фаъолияти худро аввал ба ҳайси усто оғоз карда, баъд прораб ва сардори қитъа шуда кор мекунад. Дар ҳамин вақт корхонаи бинокории худро таъсис медиҳад. Дар Душанбеву Қӯрғонтеппа чандин биноҳои истиқоматиро сохта ба истифода медиҳад.

Вале дар ин байн дар Тоҷикистони азизи мо ҷанги шаҳрвандӣ бавуқуъ мепайвандад. Зиндагӣ мушкил мешавад. Падараш соли 1993 аз дунё мегузарад. Соли 1994 маҷбур мешавад, ки ба хотири дарёфти қути лоямут барои аҳли хонадон рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ биёрад. Соли аввал дар Маскав чор моҳ кор карда ба Ватан бармегардад. Соли 1995 ба шаҳри Астрахан меравад. Бо ин савол мусоҳибаи худро бо ӯ оғоз бахшидем:

-Дар Астрахан корро аз чӣ сар кардед?

-Дар Астрахан корро аз сохтмончии оддӣ сар кардам. Астраханро барои он интихоб кардам, ки иқлими наздик ба иқлими Тоҷикистон дорад. Вақтҳои аввал корҳоеро анҷом медодем, ки аксаран таваккалӣ пайдо мекардем. Чун кори ҳалол мекардем талабот ба мо зиёд шуд. Асосан корҳои сохтмонии ашхоси алоҳидаро ба ҷо меовардем. Баъдҳо фаҳмидем, ки агар мақоми шаҳрвандии Русияро дошта бошему сипас корхонаи хусусии худро созмон бидиҳем, корҳоямон боз хубтар пеш хоҳад рафт. Соли 2007 шаҳрванди Русия шудем ва корхонаи хусусии худро таъсис додем.

-Корхонаатон чӣ ном дорад?

-Корхонаи хурди сохтмонии "Аркада". Иҷозати фаъолиятро ҳамчун соҳибкор гирифтем. Дигар корҳоямон ҳам сабуктар ва ҳам пурсамар шуд. Мардуми муҳоҷири аз Тоҷикистон рафтаро расман ба кор қабул мекардем. Дар ин хусус ба онҳо санад медодем. Ҷои хоб аввал дар вагонҳои ба иҷора гирифта медодем. Сипас замин гирифтем. Хобгоҳ сохтем.

-Корхонаатон бо кадом корҳо машғул аст? Чанд коргар доред?

-Дар корхонаамон вобаста аз кор аз 50 то 90 коргар дар як вақт меҳнат мекунанд. Мо корро аз кандани замин барои таҳкурсӣ шуруъ карда то шинондани қулфу калид бурда мерасонем. Яъне тамоми корҳои лозимаро ба ҷо меорем.

-Кадом навъи биноҳо ва барои кӣ асосан месозед?

-Мо тибқи фармоиши ашхоси алоҳида кор мекунем. Хонаҳои истиқоматӣ ва бӯстонсароҳо барои шахсони алоҳида месозем. Аввалҳо ҳамин хел буд, ки мо худамон рафта ин гуна ашхосро пайдо мекардем. Акнун баъди он ки самараи кори мо зиёд шуд, натиҷаи кори мо аён шуд, худи муштариён дар ҷустуҷӯи мо шуда истодаанд. Бо биржаи меҳнатии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ масъулаш акаи Абдуроззиқ ҳамкорӣ дорем. Агар аз камбуди коргарон танқисӣ кашем, бо онҳо дар тамос мешавем ва хоҳиш мекунем, ки барои мо коргар бифиристанд.

-Биноҳоро асосан дар куҷо ва чӣ гуна месозед? Тарҳи биноҳоро худи муштариён пешниҳод мекунанд ва ё худи Шумо онҳоро таҳия мекунед?

-Биноҳоро асосан дар дохили шаҳр месозем. Тарҳи биноҳоро низ асосан мо худамон таҳия мекунем. Аниқтараш бо муштарӣ маслиҳат мекунем ва хости ӯро мефаҳмем. Сипас ба муҳандисони тарроҳ, ки дар робита ҳастем, дархост медиҳем. Ё худи муштариёро ба назди ҳамин тарроҳон мефиристем, то тарҳи биноро тибқи хости муштариён барояшон бикашанд. Лоиҳакашон асосан шаҳрвандони худи Астрахан мебошанд.

-Коргаронатон чӣ миқдор маош мегиранд?

-Маоши коргарон вобаста ба фаъолияти худи коргарон аст. Масалан коргароне ҳастанд, ки 8-9 сол собиқаи бо мо кор карданро доранд. Дар ин байн онҳо таҷрибаи хуб ҷамъ кардаанд. Сифату суръати корашон хуб аст. Маоши онҳо метавонад дар як моҳ на камтар аз 40-50 ҳазор рубли русӣ бошад. Пардохти музди кор асосан аз рӯи нархномаи қабулшуда аст. Ҳар як коргар худаш аллакай медонад, ки барои кадом кораш чи қадар пул бояд гирад. Барои ҳамин натиҷаи кори бинокорон аз худи онҳо вобастааст. Масалан ҳамон як коро метавонанд бо каме заҳмати зиёдтар дар як ҳафта иҷро кунанд, метавонанд бо заҳмати камтар дар ду ҳафта иҷро кунанд.

-Таҷрибаи пешқадами кориро дар ин муддат шояд зиёд аз худ карда бошед?

-Бале, аввалҳо вақте ки худамонро ба мардуми таҳҷо ҳамчун бинокор пешниҳод мекардем, пеш аз ҳама аз мо миллатамонро мепурсиданд. Вақте дар посух тоҷик мегуфтем, дигар гап намезанду талош мекарданд, ки тезтар худоҳофизӣ кунанд. Аммо баъдҳо вақте кори ҳалол кардему худамонро нишон додем дигар муносибаташон ба мо тағйир хӯрд. Ҳоло вақте мегӯӣ тоҷик астӣ дигар бо иштиёқ мехоҳанд бо ту муносибат кунанд. Кори мо, шукри Худо, ҳам аз ҷиҳати суръат ва ҳам сифат хуб аст. Масалан дар муддати се-чор моҳ, як бригадаи мо метавонад як манзили дуошёнаи 150-200 метри мураббаъгиро сохта ба истифода диҳад.

-Шароити кори кормандонатон чӣ гуна аст?

-Шароити зисту зиндагиашон бад нест. Барои ҳамаашон ҷои хоби ройгон таъмин мекунем. Ҳатман асноди буду бошашонро таҳия менамоем, ки дар вақти истироҳат озодона дар кӯчаву хиёбонҳо гашту гузор карда тавонанд. Намозҳои идҳои Қурбону Рамазон ва намози ҷумъаро бо ҷамоъат дар масоҷиди ҷомеъ мехонанд. Дар чорабиниҳои фарҳангие, ки баъзан аз ҷониби Ҷамъияти Тоҷикони Астрахан гузаронида мешавад, ширкат мекунанд.

-Оё дар сар фикри идома додани чунин ободкориҳоро дар Ватан надоред?

-Чаро? Дорем. Мо рости гап, мехоҳем ки дар Ватан, дар назди зану фарзандон бошем. Дар тарбияи фарзандон бевосита ширкат кунем. Дар ободкориҳои Ватан саҳм гузорем. Ин гуна шароитро аввалҳо надоштем. Акнун чунин имконият ба тадриҷ даст дода истодааст. Орзу доштем, ки чунин ширкатҳои бинокориро дар Тоҷикистони худамон таъсис бидиҳем. Ба наздикӣ бо номи "Шаҳрсоз" як ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдудро сабти ном кардем. Акнун бо дастгирии раҳбарияти ноҳияи Ваҳдат мехоҳем як бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳия созем.

-Мо ба Шумо дар ин кори наҷиб комёбӣ орзумандем.

-Ташаккур

Мусоҳиб Аҳмадшоҳи Султон, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №07, 19 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi