18:42
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ТАЗОҲУРОТ ДАР МАСКАВ: "МАН ТОҶИКАМ, МАРО ИХРОҶ КУНЕД"
Мақолаҳо - Муҳоҷират
27.11.2011 20:23

Панҷ тан аз ширкаткунандагони як тазоҳуроти зидди ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав боздошт шудаанд. Онҳо дар либоси бинокорону кӯчарӯбон бо шиорҳои “Ман тоҷикам, маро депорт кунед” дар назди Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷамъ омаданд. Гуфта мешавад, онҳо асосан намояндагони аҳзобу гурӯҳҳои дастичапӣ ба пайравони тамоюлоти анархистӣ будаанд.

/images/stories/man-tojik-271111.jpgПулис замоне ба боздошти тазоҳуркунандагон даст зад, ки онҳо ба рӯфтани кӯчаву раҳрав ва шустани шишаи тирезаҳои Хадамоти федеролии муҳоҷират пардохтанд. Боздоштшудагон ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Басманное интиқол дода шуданд. Дар ин ҷо онҳо барои баргузории тазоҳурот бидуни ризоияти мақомоти давлатӣ огаҳӣ гирифтанд ва озод шуданд. Қарор аст, иқдоми онҳо дар додгоҳ муҳокима шавад.

Пас аз эълони ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар оғози моҳи ноябр садҳо муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русия боздошт ва як гурӯҳи онҳо ихроҷ шуданд. Ҳарчанд додгоҳи Тоҷикистон ин ду халабонро озод намуд, вале гуфта мешавад, ки ҳамчунон тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик ва боздошти онҳо дар Русия идома дорад.

«Озодӣ»
Миқдори нигориши мавод: 269

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh