01:35:00 29-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

С. ДЕВОНАЕВ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ТАРИҚИ «СКАЙП» БА КОР ТАЪМИН КАРДАНИСТ

Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон яке аз роҳҳои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии тоҷиконро ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия дар бастани шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва коргар унвон намудаанд. Ба қавли масъулини хадамоти мазкур маҳз надоштани шартномаи меҳнатӣ боиси он гардидааст, ки муҳоҷирон ҳақи ҳалоли худро дар сурати саркашии корфармо аз пардохти музди маош,  гирифта наметавонанд.

/images/stories/2012/09/23_devonaev-230912.jpgҶамшед Собирӣ як муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, ҳастанд муҳоҷироне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор медароянд, вале баҳона барои корфармо зиёд аст: «Корфаромо агар нахоҳад мегӯяд, сифати корат паст аст ё имрӯз пагоҳ карда коре мекунанд, ки барои он маблағро гирфтан хеле вақт интизор мешавию, як миқдор маблағи дигар сарф мешвад. Баъдан вақте ҳамон шартнома аз ҷониби корфармо риоя намешавад, мо муҳоҷирон намедонем арзамонро ба куҷо гӯем».

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳанӯз намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷиратро дар Русия, ки вазифаи ҷонияшон мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон аст, бештари муҳоҷирон намешиносанд ва гузашта аз ин фаъолияти онҳо ҷиҳати ба кор таъмин намудани муҳоҷирон муассир нест.

Дар робита ба ин Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират иброз намуд, ки муҳоҷиронро дар асоси барномаи ҷадиди «Ҷалби муташаккилона ва ҳалли масоили бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ», ки тариқи технологияи муосири алоқа-скайп сурат мегирад, ба кор таъмин хоҳанд кард: «Барои аз байн бурдани миёнаравҳо, ки имрӯзҳо вазъи муҳоҷиратро хусусан дар Русия душвор кардааст, алоқаи видеоӣ бевосита байни кордиҳандагони Федератсияи Русия ва корҷӯёни Тоҷикистон ҳалталаб мебошад».

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+1 #1 korgar 24.09.2012 12:41
ey akai devonaev oshno hami tu ziodi hasti dar rassia. hamu padsredniko sad bor az shumo behtaran ki kor yofta medihand. shumo chi kor mekuned? boz meoedu pracenti xudro meguzored va xuni mo korgaronro memaked. dar bastani karordod mutmainam ki foizi xudro az korgar megired. ham chunin mo ba in sozmon bovar nadorem . hukumati mo hama rishvaxuri ast az kujo malum ki devonaev ki holi u ba hamagon malum ast dast ba yaki bo korfarmo nakunadu hakki mardumro ba toroj nabarad. peshnihodi man in ast ki in sozmonro jam kuned budanash zarurat nadorad . chun xudi in sozmon pul korkuni omadaast.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi