05:45:39 14-уми Июни 2025 сол
СОНЕҲА ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ҶОНИ ДУ КӮДАКРО РАБУД 29.12.2011 09:23 1118
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ду рӯзи ахир бар асари сонеҳаҳо дар роҳҳои утумубилгард ҳашт нафар кушта шудаанд, ки ду нафар аз онҳо кӯдакон будаанд. Бар асоси хабари дафтари матбуъотии ин вазорат, танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ҳафт сонеҳа рух дода, ки бар асари онҳо се ....
ДАСТАИ ФУТБОЛИ "РАВШАН" БЕ САРПАРАСТ МОНД 28.12.2011 16:24 1016
«Агроинвестбонк» дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро дигар маблағгузорӣ намекунад. Акрам Ҳусайнов , ноиби президенти клуби «Равшан» мегӯяд, соли гузашта ин бонк барои бозиҳои даста 1 миллиону 32 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
ЯК ТАБАЪАИ ТОҶИКИСТОН БАЪД АЗ ҚАТЛ ДАР МАСКАВ ХУДКУШӢ КАРД 27.12.2011 22:30 1082
Як табаъаи Тоҷикистон пас аз қатли хонуме дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия худкушӣ кардааст. Хабаргузории Интрефакси Русия аз қавли манобеъи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар гузориш додааст, ки ин мард баъд аз қатли хонуме, ки бо ӯ дар яке аз сохтмонҳои чандтабакаии Маскав зиндагӣ мекарда, худро аз панҷара ба берун ....
В.ПУТИН: "МУХОЛИФОН ҲАДАФИ РӮШАН НАДОРАНД" 27.12.2011 22:27 1040
Нахуствазири Русия гуфт, “дар байни мухолифон ягон одаме нест, ки кори мушаххасе анҷом дода тавонад.” Владимир Путин, нахуствазири Русия, мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба қавли ӯ мехоҳанд, натиҷаҳои интихоботи порлумониро зери шубҳа гузоранд.
ТИҶОРАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН 3,9 МИЛЛИАРД $ ШУДААСТ 26.12.2011 12:37 947
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Аммо таносуби байни содироту воридот шадидан манфӣ боқӣ монда, Тоҷикистон дар ин 11 моҳ аз хориҷ ба маблағи 2,8 миллиард доллар мол ворид карда, худ ҳамагӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллар мол содир кардааст.
КУМАКИ БУЗУРГИ ШВЕЙТСАРИЯ БА ТОҶИКИСТОН 26.12.2011 12:37 1021
Швейтсария барои беҳбуди шабакаҳои обрасонии 7 шаҳри Тоҷикистон 12,3 миллион доллар кумаки билоиваз хоҳад дод.
РАИСИ ҶУМҲУРИ ЧИН: "ДАР СУРАТИ ҲАМЛА БА ЭРОН, МО ВОРИДИ ҶАНГ ХОҲЕМ ШУД" 23.12.2011 09:35 1294
Раиси ҷумҳури Чин шадидан ҳушдор дод, агар Амрико ё кишварҳои дигар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла кунанд, фавран ба ҷонибдории Эрон, вориди ҷанг хоҳанд шуд.
ДАР АМРИКО ВА КАНАДА БАЧАБОЗӢ ҚОНУНӢ МЕШАВАД 23.12.2011 09:34 1283
Ҳангоми муҳокимаи қонун доир ба педофилия (бачабозӣ) дар парлумони Канада одамони дар заминаи сексуалӣ касалии рӯҳидошта муҳофизони худро пайдо карданд. Онҳо педофилияро "тамоюли сексуалие баробари гомосексуализм" номиданд.
ЗАНҲОИ САУДӢ ДИГАР ЧАШМОНАШОНРО НИШОН НАМЕДИҲАНД 22.12.2011 23:04 989
Пулиси ахлоқи Арабистони Саудӣ дастуре таҳия кардааст, ки ба занҳои маҳаллӣ дар байни мардум намоиш додани чашмони "ҳавасангезашон"-ро манъ мекунад, хабар додааст "News.ru.coil" бо истинод ба изҳороти намояндаи кумитаи дастгирии неккирдорӣ ва мубориза бо гуноҳҳо Шайх Матлаб ал-Набид.
ЗАНҲОИ САУДӢ ДИГАР ЧАШМОНАШОНРО НИШОН НАМЕДИҲАНД 22.12.2011 23:04 1183
Пулиси ахлоқи Арабистони Саудӣ дастуре таҳия кардааст, ки ба занҳои маҳаллӣ дар байни мардум намоиш додани чашмони "ҳавасангезашон"-ро манъ мекунад, хабар додааст "News.ru.coil" бо истинод ба изҳороти намояндаи кумитаи дастгирии неккирдорӣ ва мубориза бо гуноҳҳо Шайх Матлаб ал-Набид.
ДОДСИТОНӢ МУТТАҲАМОН БА ҚАТЛИ ПУЛИСРО БА ДОДГОҲ КАШИД 21.12.2011 20:12 1127
Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дар мавриди қатли як корманди пулиси ин кишварро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол кардааст. Равшан Шарипов, маъмури пулиси роҳ, дар баҳори соли ҷорӣ мавриди ҳамлаи ду нафар қарор гирифта ва дар натиҷаи лату кӯб ҷони худро аз даст дод.
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ КМО ТОҶИКИСТОНУ УКРАИНА 21.12.2011 13:28 1160
Дар шаҳри Киев созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Украина ба тасвиб расид. Дар ҷараёни сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар қатори дигар созишномаҳои байнидавлатӣ, инчунин, созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Укроин имзо шуд.
ТОҶИКИСТОН. ҲАВО САРДТАР МЕШАВАД ВА БОЗ БАРФ МЕБОРАД 21.12.2011 13:27 1028
Резиши барф дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон бо сардии бештари ҳаво ҳамроҳ буд ва ҳарорат дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Исфара, Хуҷанд ва Истаравшан то 15 дараҷа сард шуд.
САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ 20.12.2011 11:42 1180
Рӯзи 18-уми декабри соли равон, соати 17: 22 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми боло баромадан аз тарафи деҳаи Хидорҷев ба деҳаи Сумҷеви Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа автомашинаи тамғаи Чан Ху ё худ Тангем, рақами давлатиаш В 1048 04 РТ мансуб ба шаҳрванд ...
ИНТИХОБОТИ ШОҲМАНСУР-3. ҲХДТ БОЗ ҲАМ БАРАНДА 19.12.2011 12:07 1341
Суҳроб Шарифов, номзади ҲХДТ, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур-3 баранда эълон шудааст. Ба иттилои Комиссияи марказии итихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад аз Ҳизби ҳокими Халқи Демократии Тоҷикистон 78,82 дарсади орои интихобкунандагонро касб кардааст.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854