14:19:00 14-уми Июни 2026 сол
ФАЪОЛИЯТИ ФУРӮДГОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА МУТАВАҚҚИФ ШУД 13.02.2012 21:34 1042
Фурӯдгоҳи шаҳри Қўрғонтеппа ба хотири таъмир ва навсозӣ барои муддате аз фаъолият бозмондааст.
ПУТИН: МАН ВАЗЪИ ДЕМОГРАФИИ РУСИЯРО БЕҲТАР ХОҲАМ КАРД 13.02.2012 11:06 1202
Владимир Путин, сарвазири кунунӣ ва номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Русия дар интихоботи президентии чоруми марти соли ҷорӣ дар мақолаи навбатиаш, ки имрӯз дар рӯзномаи «Комсомольская правда» таҳти унвони «Бунёди адолат. Сиёсати иҷтимоии Русия» ба нашр ...
ПОЙТАХТИ ЮНОН ДАР ҲАЛҚАИ ОТАШ МЕСӮЗАД 13.02.2012 10:59 1435
Пойтахти Юнон боз ба оташ кашида шуд. Ҳаштод ҳазор нафар эътирозгор, ки дар аввал бо нияти нек, бо шиорҳои тағйироту дигаргунӣ ворид кардан ба сиёсати иқтисодии ҳукуматашон тазоҳурот карданд, инак даст ба оташсӯзии дӯкону мағозаҳо ...
МАРГИ 4 ХАЛАБОНИ ТОҶИК ДАР ЗОБУЛ 12.02.2012 21:15 1132
Бар асари суқути як чархболе, ки дар Афғонистон барои нирӯҳои НАТО кор мекард, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Бино ба хабарҳо, ин чархболи мутааллиқ ба ширкати “Supreme Food”, ки аз сӯи халабонҳои тоҷик идора мешуд, дар ғарби вилояти Зобул, дар тақрибан...
"ИМОМХАТИБОНРО БАРОИ ИТОЪАТ НАКАРДАН БАРКАНОР КАРДАНД" 12.02.2012 11:13 1211
Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон мегӯяд, ду имомхатиби масоҷиди пойтахт, “ба хотири нахондани баёнияи Шӯрои уламо дар бораи Тӯраҷонзодаҳо” аз кор барканор шуданд.
МАРЗБОНҲОИ РУС БАРНАМЕГАРДАНД. ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД 11.02.2012 14:57 1287
Думаи давлатии Русия созишномаи ҳамкории Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои марзӣ ба тасвиб расонд. Ин санад 2-юми сентябри соли 2011 дар Душанбе аз тарафи президентҳои ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба имзо расида ...
МУОВИНИ ДОДСИТОНИ ФАЙЗОБОД БОЗДОШТ ШУД 10.02.2012 19:18 1269
Бино ба хабари CA-NEWS, дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон Аслиддин Раҳматов-муовини додситони ноҳияро кормандони Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод ба эҳтимоли гирифтани ришва боздошт кардаанд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАРҲИ НАВСОЗИИ ДУШАНБЕРО ПИСАНДИД 10.02.2012 19:17 1238
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи навсозии бархе аз ҷодаҳои асосии шаҳри Душанбе ва сохтмони биноҳои нав дар марказ ва қисматҳое аз пойтахти Тоҷикистон ошно гашта, хостори иҷрои зудтари бархе онҳо шуд.
ДАР ТОҶИКИСТОН СОХТМОНИ НИРУГОҲИ "ШӮРОБ" ПЕШБИНӢ ШУДААСТ 10.02.2012 19:15 1160
Бино ба хабари “Авеста”, дар вазортаи энержӣ ва саноати Тоҷикистон тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии “Шӯроб” муаррифӣ шудааст.
САРМУРАББИИ НАВУ ХОРИҶИИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОҶИК 09.02.2012 16:05 1115
Кемал Алиспахичи босниягӣ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора ба мо Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, ин мутахассиси 46-солаи босниягӣ муҷаввизи мураббии дараҷаи PRO дорад.
ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ 150 МУСОФИРБАР МЕХАРАД 09.02.2012 16:04 1060
Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидории 150 микроавтобус музояда ё тендер эълон кардааст. Бино ба иттилои торнамои расмии шаҳрдорӣ, ин микроавтобусҳо бояд на камтар аз 12 ҷойи нишаст дошта, бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат кунанд. Илова бар ин, “стандарти экологии онҳо на камтар аз "Евро-3" буда, ба иқлими Тоҷикистон ҳам мувофиқ бошад."
БОЗДОШТИ ЯК МАҚОМИ ШАҲРДОРИИ КӮЛОБ 08.02.2012 17:07 1340
Як узви кумиссиюни давлатии рафъи оқибатҳои сели Кӯлоб бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт шудааст. Умаралӣ Ясадов, сардори бахши минтақавии Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб гуфт, Рустам Бобоев, мудири шӯъбаи иқтисодии ҳукумати Кӯлоб ...
ИДОМАИ БАҲСИ ДОДГОҲИИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО БО МУФТӢ 08.02.2012 16:59 1135
Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон баррасии даъвои бародарон Тӯраҷонзодаҳо алайҳи раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода бо иттиҳоми таҳқир ва тақаллуби имзои аъзои Шӯрои уламо идома ёфт.
НИГАРОНИИ ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ҚОЧОҚИ МАВОДДИ СӮХТ БА ТОҶИКИСТОН 08.02.2012 16:57 1129
Гурӯҳи ҳама намояндагони маркази фармондеҳии Қирғизистон рӯзи 8-уми феврал дар устони Баткент сафар кардан, то мавзӯъи қочоқи маводди сӯхт аз ин кишвар ба Тоҷикистонро таҳқиқ бикунанд. Ин амр бо дастури нахуствазири Қирғизистон сурат мегирад.
НАВБАТИ ТАХРИБИ "КОХИ ҶОМӢ" ВА "ПОЧТАИ МАРКАЗӢ" РАСИД 07.02.2012 16:42 1124
Дар ҷойи бинои "Почтаи марказӣ", "Кохи Ҷомӣ" ва телевизиони "Сафина" биноҳои нав қомат хоҳанд афрохт. Барои дар ҷойи биноҳои "Почтаи марказӣ", “Кохи Ҷомӣ”, бинои телевизиони “Сафина” ва бинои вазорати кишоварзӣ бунёд кардани биноҳои нав озмун эълон шудааст.