ҲАШТ НАФАР БА ҚАТЛИ ДАВЛАТБЕКОВ МУТТАҲАМ ШУДАНД
07.04.2012 14:01
1079
Маъмурони додситонии Тоҷикистон таҳқиқи муқаддамотии ҳодисаи қатли марде дар либоси Бобои барфӣ дар шаби соли нави масеҳиро ба поён расондаанд.
ЭРОН БА РАФЪИ БУҲРОНИ ЭНЕРЖӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КУМАК МЕКУНАД
06.04.2012 19:47
1181
Дар ҳоле ки қатъи интиқоли гози Узбакистон корхонаҳои бузурги санъатии Тоҷикистонро дучори буҳрон сохта, Эрон ваъдаи кумаки сареъ ба ин кишвар кардааст. Як манбаъи огоҳ аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки Президент Аҳмадинажод дастур ...
КӮМАКҲОИ ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН РАСИД
04.04.2012 11:46
1216
Нахустин ҳавопаймои ИЛ-76 ҳомили кӯмакҳои башардӯстонаи Русия вориди Тоҷикистон шудааст. Ин кӯмакҳо бо дастури раиси ҷумҳури Русия фиристода шудаанд.
ПЕШВОИ ИСМОИЛИЁНИ ҶАҲОН БОЗ ДАР ДУШАНБЕ
04.04.2012 11:44
1054
Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ СӮХТОРИ МАСКАВ БА 17 НАФАР РАСИД
03.04.2012 16:29
1030
Бино ба охирин хабарҳо, теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори бозори Качаловои Маскав ба 17 нафар расидааст.
ПИРӮЗИИ АНВАР ЮНУСОВ ДАР ҲАЙАТИ “ДИНАМО”-И МАСКАВ
03.04.2012 16:26
1049
Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар сабқати бокси ҳирфаӣ - WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар ҳайати бошгоҳи “Динамо”-и Маскав пирӯзӣ ба даст овард.
"ТАЛКО" АЗ ГАЗИ УЗБАКИСТОН БЕНАСИБ МОНД
02.04.2012 10:58
1144
Интиқоли гази Узбакистон ба корхонаи "Талко" қатъ шудааст. Дар ин бора масъулони ширкат хабар доданд. Интиқоли гази Узбакистон ба "Талко" - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз, 2-юми апрел, қатъ шудааст.
УЗБАКИСТОН БА ТАХРИБИ ҚИТЪАИ АМУЗАНГ-ХАТЛОН ОҒОЗ КАРД
30.03.2012 14:26
1712
Узбакистон ба барчидани релсҳо дар роҳи оҳан дар самти Амузанг-Хатлон шурӯъ кардааст. Ҳамлу нақли коло ба вилояти Хатлон, қисмати ҷанубии Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Узбакистон тавассути ин роҳи оҳан сурат мегирифт.
КУМИТАИ ДИН МАСҶИДИ "МУҲАММАДИЯ"-РО БА ДОДГОҲ КАШИД
30.03.2012 14:24
1681
Кумитаи дин аз мавориди фаровони нақзи қавонин дар масҷиди «Муҳаммадия» ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат шикоят бурдааст.
ЧӢ ГУНА НТВ АЗ "РОЗ"-ҲОИ САФИРИ ИМА ОГАҲ ШУД?
30.03.2012 14:20
1651
Сафири Амрико дар Русия изҳори тааҷҷуб карда, ки чӣ гуна матбуоти Русия аз ҳама барномаҳои ӯ огаҳ мешаванд. Майкл Макфол дар саҳифаи худ дар "Твиттер" навиштаст, шабакаи телевизионии НТВ ба шакле тавонистааст, ба ҳама иттилооти хусусии ӯ ва барномаи рӯзонаи вай дастрасӣ пайдо карда, ӯро "таъқиб" кунад.
ТУРКМАНИСТОН ОМОДААСТ ГАЗ ДИҲАД, АММО БА КАДОМ РОҲ?
29.03.2012 20:58
1553
Мақомоти Туркманистон мегӯянд, омода ҳастанд, ки ба Тоҷикистон газ диҳанд, агар Узбакистон розӣ шавад. Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", низ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 29-уми март, ба мо гуфт, аз ирсоли номаи ...
ПРЕЗИДЕНТ ГУФТ, БАРОИ РАФЪИ ОФАТҲО ОМОДА БОШЕД
29.03.2012 16:38
1121
Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз хатари барфкӯчу обхезиҳо дар баҳори имсола дастур дод. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми март дар машварати корӣ бо аъзои ҳукумат, ба мақомдорони кишвар дастур додааст ...
МАҲКУМИЯТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БА 20 СОЛ ЗИНДОН ДАР РУСИЯ
29.03.2012 16:19
896
Пулиси Русия як сокини 24-солаи Тоҷикистонро ба занни қочоқи маводди мухаддир дар он кишвар боздошт кардааст. Ба навиштаи "Интерфакс", хабаргузории Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Кроснуёрск боздошт шуда ва кормандони пулис аз ӯ 700 гром ҳеруинро мусодира кардаанд.
МУҶОЗОТИ ЯК ЗАН "БАРОИ МАМОНЕЪАТ АЗ ТАҲСИЛИ" ФАРЗАНДОНАШ ДАР ХУҶАНД
29.03.2012 16:18
896
Додгоҳе дар вилояти Суғд як модарро барои мамонеъат аз таҳсили фарзандонаш дар мактаб ба пардохти чаҳор ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кардааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Татяна Олейникова, модари се фарзанди ноболиғро, тибқи моддаи 164-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар мамонеъат аз таҳсили фарзандонаш муҷрим шинохтааст.
ҚАТЛИ ФАРМОНДЕҲИ ҲИУ ДАР ФОРЁБ
28.03.2012 10:56
1128
Дар ин амалиёт, ки дар минтақаи Ширин Тагоби вилояти Форёб сурат гирифт, силоҳбадастон сарбозонро бо оташ пешвоз гирифтанд, вале дар бархӯрди мусаллаҳона Махдум ва чанд тан аз ошӯбгарон ба қатл расида, ду силоҳбадасти дигар дастгир шудаанд.
















