22:02:57 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Қатли раиси кони ангишти "Назарайлоқ"

Раиси кони ангишти Назарайлоқ, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон аз сӯи афроди номаълум ба таври бераҳмона кушта шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 3 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки «ин ҳодиса шаби 1 – ум ба 2 – уми сентябр дар худи кони Назарайлоқ" рух додаст».

kooni-nazarayloq-4545Ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, таҳқиқи ин ҳодиса ҷараён дорад ва чанд тан аз коргарони кон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, як масъули шӯъбаи минтақавии корҳои дохилӣ дар Рашт, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, ба мо гуфт, ки шаби 1 – ум ба 2 – уми сентябр афроди ношинос ба утоқи кори Ҳоҷӣ Нуриддин дар кони Назарайлоқ ворид шуда ба сараш 3 тир ва ба баданаш 4 тир задаанд.

Вай гуфт, ки «то кунун 8 тан аз кормандони кони ангишти Назарайлоқ мавриди пурсиш қарор гирифта шудаанд, вале то ҳол шахси гумонбар пайдо  нашудааст.» Ба қавли баъзе аз сокинони ноҳияи Рашт Ҳоҷӣ Нуриддин, зодаи шаҳри Қурғонтеппа буда, ӯро Ҳасан Асадуллозода. раиси "Ориёнбонк" 6 сол қабл ба вазифаи раиси кони "Назарайлоқ" мансуб карда буд.

Вале ба гуфтаи ин сокинон бахше дигаре ин кон таҳти назорати Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи неруҳои мухолифин ва ҳоло яке аз масъулони  шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт, мебошад.

Сокинони минтақаи Рашт аз Ҳоҷӣ Нурриддин ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, вай шахси саховатпеша буда, дар корҳои хайри мардум дасти ёрӣ дароз мекард ва ба масҷидҳо низ кумак мерасонид. Зимнан, кони ангиши "Назарайлоқ" дар 90 километрии маркази ноҳияи Рашт ва дар 10 километрии Ҳоит қарор дорад .

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi