14:51:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае,ки гузашт

Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ тасмим гирифт ба Тоҷикистон барои бунёд ва ободонии 15 мактаби нав бештар аз 24 миллион доллар қарз диҳад.

Дар котиботи вазорати молия бо тайиди ин хабар ба “Рӯзгор” гуфтанд, ки ҳадаф аз ин лоиҳа ҳам бунёди мактабҳои нав дар кишвар ва ҳам таъмиру бо мебел ва дигар таҷҳизот таъмин намудани макотиб мебошад. Лоиҳа 25 миллион доллар арзиш дорад ва 24,25 миллион доллар аз ҷониби Арабистон пардохт мешавад. Саҳмияи Ҳукумати Тоҷикистон 0,75 миллион долларро ташкил медиҳад.

***

Дар вилояти Симферопол ду бародарон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли маводи мухаддир ба Украина ба мӯҳлати 11 ва 8,5 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум шудаанд. Хадамоти гумруки шаҳр соле пеш аввал бародари хурдиро бо 300 грам героин дар меъдааш дастгир намудаанд ва баъдан  бародарбузурги ӯро, ки бо иртиботи телефонӣҷараёни фурӯ бурдани ғилофакҳои пур аз мухаддиротро то ба тайёра нишастану парвоз кардан назорат мекард, дастгир намуданд. Дар хабари интишоршуда ному насаби ин ду тан эълон нашудааст.   

***

Парламони Британия ба пешниҳоди ҳукумати Кэмерон дар мавриди ширкати ин кишвар дар амалиёти ҷангӣ зидди режими Сурия посухи рад дод. Ҳамзамон бо ин хабар дода мешавад, ки 12 кишвари узви НАТО даъвати Вашингтон барои ширкат дар амалиёти ҳарбӣ дар Сурияро рад карданд. (шарҳи муфассали инро дар саҳ. ...бихонед).

***

Дар даргирӣ бо кормандони пулиси дар муҳосирамондаи афғон Толибон 15 тани онҳоро куштанд ва беш аз 10 нафар бо захмҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд. Ин ҳодиса дар вилояти ғарбии Афғонистон-Фароҳ, ки аз ноамнтарин вилоятҳои ин кишвар ба шумор меравад, рух додааст.  Ба гуфтаи сухангӯи пулиси маҳаллӣ Абдулраҳмон Жавандӣ гурӯҳи мусаллаҳ кормандони мақомотро дар гузаргоҳи танге дар иҳота гирифтаанд ва даст ба тирпарронӣ задаанд. 

***

Британия Кабир  дар ҷанги Афғонистон 37 миллиард евро масраф кардааст. Дар ин бора «The Guardian» истинодан ба навиштҳои Фрэнк Ледвидж, ки ахиран бо номи «Маблағгузорӣ дар хун» интишор ёфтааст, иттилоъ дод. Ба навиштаи ин таҳлилгар  аз соли 2006 Британия Кабир барои сарбозону афсарони худ мустақар дар вилояти Ҳилманд 15 миллион евро дар як рӯз масраф кардааст. Манбаъ аз эҳтимолияти ба 40 миллиард евро расидани хароҷоти ҷанги Шоҳигарӣ дар Афғонистон ҳадс задааст.    

***

Дар ИМА додгоҳ майори артиш Нидал Ҳасанро барои қатли 13 нафар ба марг маҳкум кард. Мурофиаи додгоҳӣ 7 август оғоз гардид ва ҳукм рӯзи чоршанбеи гузашта хонда шуд. Майор Ҳасан ҳатто аз эроди сухани охир даст кашид ва гуфт, ки ҳадафмандона ба ин кор даст задааст, зеро ҷанг дар Афғонистон ва ҳалокати одамони бегуноҳро иштибоҳи Вашингтон медонад.

***

Хадамоти махсуси ИМА гуфтугузори телефонии сарварони давлатҳои  Бразилия ва Мексика - Дилма Руссефф ва Энрик Пени Неторо гӯш мекардаанд. Дар ин бора Франс Пресс истинодан ба хабари ВАО-и Бразилия иттилоъ дод, ки барояшон ифшогари амрикоӣ Эдвард Сноуден пешниҳод кардааст. 

Дар ин ҳуҷҷат омадааст, ки Агентии амнияти миллии ИМА мехоҳад оид ба шеваҳои иртиботҳои Руссефф зиёдтар маълумот ҷамъоварӣ кунад.  Тибқи иттилои ширкати телевизионии Globo ин барнома имкон медиҳад, ки ба иртиботҳои берунии президенти Бразилия ва ҳамаи ёварони ӯ бештар таваҷҷӯҳ кунанд.

***

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як амалиёти муваффақиятомез як сокини 26-солаи кишварро бо 1,5 кило афюн боздошт кардаанд. Дар айни замон барои шиносоӣ ва боздошти дигар ширкаткунандагони ин амали ҷиноӣ чорабиниҳо тарҳрезӣ шудаанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi