02:06:09 01-уми Июли 2025 сол

Дастаҳои ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ маълум шуданд

Дастаҳои ширкаткунанди даври чорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон муайян шуданд. 

Бино ба иттилои Федератсияи Футболи Тоҷикистон дар ин давр, ки 11-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, дастаи «Регар-ТадАЗ» бо «Энергетик», «Эсхата» бо «Вахш», «Парвоз» бо «Равшан» ва «Истаравшан» бо «Истиқлол» қувваозмоӣ хоҳанд кард. Қарор аст даври ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Ин аввалин чорабиние хоҳад буд, ки дар ин варзишгоҳ баъди азнавсозии он ташкил карда мешавад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ