21:22:31 04-уми Июни 2025 сол

Чопи очеркҳои илмии Носирҷон Маъсумӣ

Нашриёти “Ирфон” асари забоншиноси шаҳир ва яке аз машҳуртарин олимони қарни ХХ-и тоҷик Носирҷон Маъсумиро таҳти унвони “Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик” бо сарсухани профессор Абдуғаффор Ҷӯраев ба теъдоди 1000 нусха интишор додааст.

А.Ҷӯраев Носиҷон Маъсумиро  асосгузори услубшиносӣ дар кишвар муаррифӣ кардааст ва А.Ғаффоров, Б. Камолиддинов, Х.Ҳусейнов, А.Абдуқодировро равандагони пайроҳаи  Носирҷон Маъсумӣ хондааст.

Ҳамчунин профессор А.Ҷӯраев навиштааст, ки “Китоб дар давраи шӯравӣ таълиф гардида, руҳи ҳамон замонро ифода менамояд, бо вуҷуди сабукиву равонӣ аз истифодаи калимаву истилоҳоти роиҷи давр орӣ набуд. Ин як пораи таърихи забони илми он давр мебошад. Агар устод имрӯз зинда мебуданд, шояд китоби худро таҳрири дубора мекарданд. Бинобар ин мо ҳақу ҳуқуқ надорем, ки ба забону тарзу баёни китоби номбурда, тағйирот ворид намоем”.

Маврид ба ёдоварист, ки Носирҷон Маъсумӣ аз шинохтатарин забоншиносони кишвар буд, ки тавонист дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мактаби забоншиносии худро бунёд намояд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854