21:43:57 04-уми Июни 2025 сол

Ширкати қориёни Қуръон аз 36 кишвар дар озмуни байналмилалии Маскав

Шӯрои муфтиёти Федератсияи Русия эълон кард, ки шаҳри Маскав мизбон ва пазирои қориёни Қуръони Маҷид аз 36 кишвари олам хоҳад буд. Қарор аст озмуни байналмилалии қориёни Қуръон 15 сентябри соли равон дар пойтахти давлати Русия доир гардад.

Ин чорабинӣ таҳти сарварии Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Гайнутдинов ва дастгирии ҳукумати шаҳри Маскав, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Федератсияи Русия дар зали консертии “Россия” мегузарад.

Дар озмун аз 36 мамлакати олам, аз ҷумла қориён аз Британияи Кабир, Нидерландия, Булғористон, Тунис, Яман, Баҳрайн ва чандин кишвари дигар иштирок мекунанд. Шайх Абубакр Шатрӣ, яке аз донандагони хуби Қуръон ва ҳофизи машҳур меҳмони фахрии ин чорабинӣ хоҳад буд. Озмун аз рӯи номинатсияи ҳифзи Қуръони Карим хоҳад гузашт.  

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854