13:28:01 22-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Азия-плюс" ва "Озодӣ" дар садри махзанҳои интернетӣ

Саҳми дороиҳои интернетии Тоҷикистон, бино ба таҳқиқи Анҷумани дастраскунандагони интернет, дар ду сол 10 дарсад афзуда, "Азия-плюс" ва "Озодӣ" дар он ҷойгоҳи худро мустаҳкамтар кардаанд.

internet-provayder-454545Раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ки мавқеи махзанҳои ватанӣ дар миёни истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии Интернет беҳтар шудааст, ки сомонаҳои Азия плюс ва Озодӣ дар радифи аввал қарор доранд.

Асомуддин Атоев, ки рӯзи ҷумъаи 6 сентябр дар ҳамоиши "Дастрасии иттилоот дар арафаи интихобот" дар шаҳри Душанбе сухан мекард, гуфт, "пажуҳиши ахири анҷумани дастраскунандагон интернет собит кард, ки дар муқоиса ба ду соли пеш мавқеи сомонаҳои "Азия-плюс" ва "Озодӣ" дар миёни истифодабарандагони махзанҳои интернетӣ мустаҳкамтар шудааст."

Ин дар ҳолест, ки дар давоми ду соли охир борҳо сомонаҳои зиёде, аз ҷумла "Озодӣ" ва "Азия-плюс" барои хонандагон дастнорас шуданд ва теъдоде аз бинандагони худро аз даст доданд.

Ба гуфти ҷаноби Атоев, бар асоси пажуҳиши ин созмон, ки ахиран муаррифӣ шуд, мавқеи махзанҳои ватанӣ, яъне сомонаҳои ватанӣ ба 20 дар сад, русӣ 40 ва торнамоҳои глобалӣ 40 дар сад аст.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Асомуддин Атоев, ду соли пеш мавқеи махзанҳои ватанӣ ё тоҷикӣ 10 дар сад, русӣ 70 дар сад ва торнамоҳои глобалӣ 20 дар сад буд.

Раиси Анҷумани дастраскунандагони интернетӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, пажуҳиши ин созмон дар миёни 5 ҳазор сокини 42 шаҳру ноҳияи кишвар сурат гирифт, ки афроди касбук кори гуногун ба пурсишномаи онҳо, "Шумо кадом сомонаро мехонед?" ҷавоб гуфтаанд.

Ба ин тартиб сомонаҳои Азия-Плюс дар мақоми аввал ва Радиои Озодӣ дар ҷойи дуввум, сеюм - торнамои box.tj, чорум - topvidio.tj, панҷум - портали Сатурн.тҷ, шашум - торенс.тҷ, ҳафтум – ховар. тҷ, ҳаштум  авеста.тҷ, нуҳум - риалтенисию.тҷ ва даҳум - таҷтюб.тҷ қарор гирфтаанд.

Асомуддин Атоев бар ин бовар аст, ки дар сурати фарогирии матолиби ҷолибу хонданӣ, махзанҳои ватанӣ боз мавқеи худро мустаҳкамтар хоҳанд кард.

Теъдоди корфармоёни фаъоли шабакаи ҷаҳонии Интернет дар Тоҷикистон дар муқоиса ба ду сол пеш ду баробар афзуда ва ҳамакнун 48 дар сади ҷамъияти кишвар аз он истифода мебарад.

"Озодӣ"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi