11:59:12 17-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ширкати "Газпром"-и Русия

Ин лаҳзаҳо дар Кохи Миллат дидору гуфтугӯи Алексей Миллер, раиси ширкати "Газпром" бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷиукистон оғоз шудааст. Ҷаноби Миллер, ки субҳи рӯзи 18-уми сентябр вориди Тоҷикистон шуд, муддати ду рӯз дар инҷо хоҳад монд ва масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон, ба хусус дар заминаи кашфу иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар чоҳҳои ин кишварро бо раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти зирабти Тоҷикистон ба баррасӣ мегирад.

raisi-gazprom 32656Ширкати «Газпром» бино ба як тарҳи сармоягузориаш дар Тоҷикистон ба иктишофи захираҳои нафтиу газ машғул аст ва ҳоло барои ду кон - Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбии водии Ҳисор муҷаввиз дорад. Бино ба мутолаоти қаблӣ, захираҳои ин ду кон дар умум 70-80 милиард метри мукааб газро дарбар мегиранд, ки ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад пурра талаботи худро қонеъ ва истиқлолияти энержиашро таъмин кунад. гуфта мешавад ҳоло тавассути Газпром дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав, то умқи 6 450 метр чоҳи гази табиӣ парма шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, шӯъбаи «Газпром» дар Тоҷикистон - «Gazprom- International» барои корҳои иктишофию пармакунӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард рубли русӣ, муодили қариб 165 миллион доллар харҷ кардааст.

Ширкати «Gazprom International» дар чоҳи "Шаҳринав-1п", дар майдони Сариқамиш дар соли 2010 ба кор оғоз карда буд. Бино ба пешбиниҳо, захираи гази Сариқамиш тақрибан 18 миллиард метри мукааб газро ташкил медиҳад. Нафти мавҷуд дар ин кон 17 миллион тонна тахмин зада мешавад.

Тибқи иттилои Бунгоҳи геологии Амрико, дар қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон 231 миллиард метри мукааб захираи гази табиӣ мавҷуд аст, ки ҳаҷми бештари он дар қаламрави Тоҷикистон мебошад. Вале ширкати «Газпром»-и Русия қаблан гуфта буд, ки танҳо захираи 4 кони бузурги гази табиии Тоҷикистон -Сариқамиш, Шоҳамбарӣ, Рангон ва Саргазон - ба 3 триллион метри мукааб баробар аст.

Дар Тоҷикистон ба ҷуз «Gazprom- International» ширкати бритониёии «Тетис – петролиум» низ ба иктишофи конҳои ҳавзаи Бохтар, воқеъ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон машғул аст. Ин ширкат соли гузашта эълон дошта буд, ки захираҳои Тоҷикистон ба даҳҳо миллиард ҳадс зада мешаванд ва пас аз ин изҳорот ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ - Total- и Фаронса ва ширкати CNPC (China National Petroleum Corporation)-и Чин ҳам ба Тоҷикистон омада, бо ҳукумати он созишномаи ҳамкорӣ бастанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi