01:41:20 03-уми Июни 2025 сол

САҲМИЯҲОИ РОҒУН БА ФӮРУШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба фӯруш гузорад.

 

Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол мақомоти зирабти давлатӣ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии иншооти мазкурро омода карда истодаанд. Дар мавриди он, ки саҳмияи Роғун ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳам фӯрӯхта мешавад ё на, Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, ки феълан ин масъала низ мадди назари мутахассисин қарор дорад. Соли 2008 барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз тарафи давлат 130 миллион ва соли 2009 - 650 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

 

Соли 2010 бошад дар назар аст, ки аз ҳисоби буҷаи давлат 650 миллион сомонӣ ҷудо карда шавад. Ҳамчунин ҷалби сармояи хориҷӣ низ дар назар аст. Дар хусуси қарзҳои давлатӣ вазири молия гуфт, қарзи берунаи Тоҷикистон 1 миллиарду 524 миллион долларо ташкил медиҳад, ки ин ба 32 дарсади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

 

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854