21:06:00 09-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АНҶУМАНИ НАХУСТИНИ ДУХТУРОНИ ШИКАСТАБАНДИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Кохи Ваҳдат анҷумани нахустини духтурони шикастабанди ҷумҳурӣ баргузор гардид. Онро Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии шикастабандӣ ва табобати бемориҳои устухон, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои сутунмӯҳра, ширкатҳои байналхалқии дорусозии «Гедеон Рихтер», «Никомед» ва «Ротафарм» гузарониданд.

Дар анҷуман мутахассисони шикастабанд, олимони муассисаҳои тиббӣ, намояндагони соҳаи тиб аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Дар доираи анҷуман дар даромадгоҳи Кохи Ваҳдат намоишгоҳи асбобу анҷоми тиббӣ ва доруҳои сохти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ташкил карда шуд.

Анҷуманро раиси Кумитаи тадорукони он, вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов кушод. Вай, аз ҷумла, зикр кард, ки анҷумани нахустини духтурони шикастабанди мамлакат ба 50 - солагии ташкили хадамоти шикастабандӣ ва кафедраи травматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино рост омад. Ҳоло дар саросари мамлакат 25 шӯъбаи махсуси шикастабандӣ, 15 бунгоҳи шикастабандӣ ва зиёда аз 35 кабинети шикастабандию табобати бемориҳои устухон фаъолият доранд. 

Дар давоми ин солҳо дар кафедраи травматология ва ортопедияи Донишгоҳи давлатии тиббӣ зиёда аз 572 духтури шикастабанд тайёр карда шуд. Дар давоми 50 соли фаъолияти Шифохонаи ҷумҳуриявии травматология ва ортопедия бештар аз 1308 асари илмӣ чоп карда, 12 тавсияи методӣ таҳия намуда, 5 асари калонҳаҷми илмӣ ва 5 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ дастраси мутахассисон гардонда шуд.

Иштирокчиёни анҷуман масъалаҳои мавриди истифода қарор додани техника ва технологияи навтарини тиббиро дар соҳаи шикастабандӣ, табобати бемориҳои устухон, имкониятҳои ҷарроҳии пластикӣ, барқарор сохтани банду буғум ва роҳу усулҳои дигари табобати беморонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Кристина Эрлих, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi