07:14:29 12-уми Июни 2025 сол

Намоиши филмҳои ҷопониву лаҳистонӣ дар кинотеатри ба номи Ҷомӣ

Дар кинотеатри ба номи Ҷомии пойтахти кишвар аз 23 то 26 октябри соли равон ҳафтаи синамои Лаҳистон ва 26 ва 27-уми октябр рӯзҳои синамои Ҷопон баргузор гардид.

visla-48777Сокинони пойтахти кишвар тӯли се рӯз имкон доштанд бо беҳтарин филмҳои истеҳсоли Лаҳистон ошно шавад. Аз сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон ба "Рӯзгор" гуфтанд, ки ин аввалин бор аст, ки бинандагони тоҷик бо филмҳои солҳои охир тавлидшуда дар ин кишвар ошноӣ пайдо мекунанд ва сафорат дар оянда низ роҳандозии як силсила чорабиниҳои фарҳангиро дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон тарҳрезӣ кардааст. Бино ба иттилои манбаъ дар муддати се рӯз 10 филми синамогарони Лаҳистон, аз ҷумла: "Дил дар кафи даст", "Ин на он аст, ки ту фикр мекунӣ", "Дар торикӣ", "Фақат на ҳозир", "Писарон намегирянд" ва ғайра намоиш дода шуд. Маъмурияти кинотеатри Ҷомӣ мегӯяд филмҳои Лаҳистон ва Ҷопон, ки намоиш дода шуданд, бо ибтикори сафоратхонаҳои ин ду кишвар сурат гирифтанд ва вуруд ба он рйгон буд.

«Рӯзгор» дар шумораи ояндаи худ мақолаи таҳлилиеро дар бораи ин рӯйдоди фарҳангӣ чоп хоҳад кард.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854