06:14:00 12-уми Июни 2025 сол

Коргардон аз душманӣ бо Пайғамбар (с) пушаймон шуд

Коргардони машҳури ҳолландӣ Орнуд Фондур аз он ки дар филми "Фитна" ба бузургтарин навъи башар, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) тавҳинро раво дида буд, эълон кард, ки аз карда сад бор пушаймон шудааст ва ҳоло ният дорад бо наворбардории филми дигар ин чеҳраи нуронии таърихи башарро мусбӣ ва барҷаста тасвир кунад.

kinomafia-48777Бино ба иттилои рӯзномаи мисрии "Ал-аҳром" коргардони маъруф на танҳо изҳори пушаймонӣ кардааст, балки ба дини мубини Ислом гаравидааст. Нашрия мегӯяд Орнуд имсол бо анҷоми маросими ҳаҷ ҳоҷӣ шуд ва акнун қасд дорад ба ҷуброни зарари маънавии расонидааш ба Ислом ва Пайғамбари он (с) филми дигаре офарад.

Фондур бар ин назар шудааст, ки аз ноошноӣ бо Ислом филми тавҳиномез ӯ рӯи кор омадааст. Вале хеле зуд ба ҳақиқати нуҳуфта дар Ислом пай бурдааст. 

Аҳмад Шамсӣ, як муҳақиқ ва коршиноси исломӣ дар Қатар бо истиқбол аз иқдоми Фондур гуфтааст, ки ин гуна афрод баъдан аз мубаллиғони ростини Ислом мешаванд ва шахсони зиёде ба онҳо пайравӣ хоҳанд кард, ки танҳо ба нафъи дини мост.  

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854